Миллиардҳо ба Ӯзбекистон мераванд! Хомӯшӣ дар Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Русия ҳудуди 3 000 000 мутахасиси соҳаи IT дошт. Баъд аз “амалиёти махсус” дар Украина беш аз 70 000 мутахассиси ин соҳа хоки Русияро тарк карданд ва барои кори муваққатӣ ва доимӣ Тошканд, Алмаато, Боку, Ереван ва Тибилисиро интихоб карданд. Чаро Душанберо интихоб накарданд?

… Акнун бармегардем ба Тоҷикистон, то бубинем соҳаи IT чӣ ҳол дорад. Соле қабл вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон тасмими боз намудани Парки технологиро гирифта буд. Инро ҳам Шералӣ Кабир, вазири саноат ва техлогияҳои нав бо гузашти чанд муддат пас аз таъин шудан ба ин мақом дасту остин барзад. Нияти ӯ ба ҳам овардани мутахассисони  риштаи IT  буд. Иқдоми хуб, вале чун дар бисёре аз кишварҳо ин сохтор мустақил ва чун Сингапур зери назорати шахси аввал қарор дорад.

То куҷо мақсади боз намудани Парки технологӣ дар вазорати саноат иҷро шуд ва самар овард? Тоҷикистон IT — парк дорад?  Барои  посухи савол ба Бақо Ҳотамов, сухангӯи вазорат иртибот гирифтем. Ӯ бо шунини савол андак дар тааҷҷуб монд. Баъди такрори ду-се маротибаи савол чунин ҷавоб гуфт:

— Дар Дарвоз ва Панҷ чунин парк кушода шуда буд.

Ин посухи ҳайратовар буд. Чаро Дарвозу Панҷ?  Ва баъди пурсидани шарҳи бештар ӯ ҳам барои худро аз вазъият раҳонидан, рақами телефони сардори раёсати технологияҳои нав дод ва таъқид кард:

— Ӯ мутахассис аст. Занг занед, ба шумо ҷавоб мегӯяд.

Бо дили пур ба cардори раёсат занг задем. Ӯ гӯширо гирифт ва ба пурсиш чунин гуфт:

— Пешниҳодҳо барои қабули қонун ироа шуда буд. Аммо то ҳол ин масъала ҳал нашудааст. 

Аз ӯ шарҳи бештари масъаларо хостам.

— Телефони маро кӣ дод? Ҳоло ман серкорам, ҷавоб гуфта  наметавонам. Баъдтар худам занг мезанам.

Аз ин гуфтугӯ то чопи газета 30 соат гузашт. Посухе нест!…

Матни пурраи мақоларо дар шумораи фардои ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *