Миллиардер барои парвоз ба Моҳ ҳамсафар меҷӯяд
Миллиардери ҷопонӣ Юсаку Маезава, ки қарор аст нахустин сайёҳ дар кишттии кайҳонии “SpaceX” шавад, ба худ ҳашт ҳамсафарро интихоб мекунад, то бо ӯ ба моҳ паранд. «Ман барои иштирок дар ин миссия як гурӯҳро ташкил мекунам. Ба ман ҳашт нафар аз тамоми ҷаҳон лозиманд. Дар ин сафар 10-12 нафар иштирок мекунанд, ман аз ҷониби худ танҳо ҳашт нафарро даъват мекунам» гуфтааст ӯ дар як паёми видеоӣ. . Касе, ки бо ӯ парвоз мекунад, бояд ду шартро иҷро кунад. Аввал, дар аризаи худ бояд кореро гуянд, ки баъд аз парвоз ба Моҳ ба онҳо кӯмак мекунад ва тавассути ин фаъолияташон барои ҷомеа нафъи бештар меоранд. Шарти дуюм, ин хоҳиши кор дар гурӯҳ ва дастгирии дигар аъзоёни гурӯҳ мебошад. Парвоз ба Моҳ бо киштии кайҳонии “SpaceX” бояд соли 2023 сурат гирад. Маезаваи 42-сола аввалин сайёҳи кайҳонӣ дар соли 2018 интихоб шуда буд.Маезава асосгузор ва директори вебсайти Zozo мебошад, ки либосҳои фармоишии мӯд пешниҳод мекунад. Илова бар ин, ӯ яке аз сарватмандтарин шаҳрвандони Ҷопон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ