Миллионҳо симкортро хомӯш мекунанд

Имрӯз дар нишасти хабарӣ Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа гуфт, ки симкорҳое, ки бо шиносномаи намунаи соли 1996 ҳастанд пас аз 15 феврал хомӯш карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ки то охири соли гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиону 36 ҳазору 433 симкорт ҳанӯз ҳам бо шиносномаҳои соли 1996 фаъол буданд ва ҳоло ҳамагӣ 1,3 миллион симкорти дигар азнавбақайдгириро бо шиносномаи намунаи соли 2014 нагузаштаанд.

То имрӯз танҳо 3,2 миллион симкорт бо шиносномаи нав сабти ном шуда, дар ҳоли ҳозир азнавбақайдгирии онҳо идома дорад. Ин дар ҳолест, ки то 15 феврал камтар аз се ҳафтаи дигар мондааст.

Зимнан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 6 миллиону 892 ҳазору 222 ададро ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 4 миллиону 838 ҳазору 891 ададашон фаъол мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *