Миллионҳои миллиардери ӯзбек ба муқобили коронавирус
Алишер Усмонов барои мубориза бо коронавирус дар Ӯзбекистон 20 миллион доллар ҷудо кард. Дар ин бора шабакаи «Ӯзбекистон 24» хабар додааст.
«Миллиардери машҳур Алишер Усмонов низ ибтикори Президентро дастгирӣ намуда, барои таъмини беморхонаҳо бо навтарин таҷҳизот 20 миллион доллар кумак кард», — омадааст дар хабарнома.
Муайян шудааст, ки маблағ аллакай ба бунёди ҷамъиятии «Узбекистон меҳр-шафқат ва саломатлик» — и назди Вазорати тандурустӣ равон карда шудааст. Ба шарофати кумаки Усмонов беморхонаи ноҳияи Зангиатини вилояти Тошканд бо таҷҳизоти муосир таъмин мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ