Мингдона не, Миндона!Чаро номи маҳалҳо кӯр-кӯрона иваз мешаванд?

Ба таваҷҷуҳи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ Муҳаммадҷонзода Олимҷон 

Иваз кардани номи маҳалу мавзеъҳо  имрӯз басо бо суръати баланд дав мегирад. Ин дар навбати аввал хуб аст, зеро ба ин васила мо метавонем, номи чандин маҳалу деҳоту манотиқи кишварамонро, ки аз нигоҳи луғавии забон беарзишанд, иваз намуда, онҳоро ба номҳои хубу зебову дилнишин табдил диҳем, вале мутаассифона, дар бисёр маврид номгузорӣ ва номивазкунии мо кӯр-кӯрона сурат мегирад… 

Масалан, дар ноҳияи Варзоб деҳае бо номи Қулмаҳмадӣ мавҷуд буд, ки онро имрӯз Яккачашма ном гузоштаанд. Оё хуб намебуд, ки вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва муҳити ҷуғрофӣ деҳаро номгузорӣ кард? Ба назари инҷониб Яккачашма  номи гӯшнавозу шинам нест. Хуб мебуд, ки онро Чашмаоб, ё деҳи Мусаффо ном мемонданд.

Ҳамзамон, дар шаҳри Панҷакент деҳаест бо номи Миндона. Чанде пеш шунидам, ки масъулин онро Мингдона пиндошта, нияти иваз кардани онро ба Ҳазордона доранд…

Ин ҷо бояд хотиррасон намуд, ки номи деҳа Миндона аст, на Мингдона ва он ҳич иртиботе ба  калимаи мингдонаи туркӣ надорад, ки онро “ҳазордона” тарҷума кунем.

Миндона, тавре ки таърихнигори Юнони қадим Ҳеродот дар китоби арзишманди худ “Таърих” дар боби Куруши Кабир оварда, номи духтари шоҳи Форс Атушваки Киакшор аст, ки модари Куруш мебошад. 

Миндона номи гиёҳест, хурдтар аз арзан, ки гули сафедчаранге бо холдонаи сиёҳ дорад. Ҳамин чиҳати зебогиву латофаташ буд, ки шоҳи модҳои форс номи духтари худро Миндона гузошт, чун духтар мӯйҳои тиллорангу пӯсти сафеду миёни абрӯвонаш холе дошт шабеҳи миндона. 

Бинобар ин, маънии аслии номро надониста, онро иваз кардан, салоҳ нест.

Гоҳо мардум аз надонистани маънии номи диёри худ онҳоро ба тарзи худашон шарҳу тавзеҳ медиҳанд Масалан деҳаи Шамтичро Шабтинҷ, деҳаи Вешабро Бешаб, Каздонро Касдон, Балҷувонро Балеҷувон ва амсоли ин. Ҳол онки дар луғатномаҳо Вешаб ба маънии Карафсзор, Шамтич Оби ҷорӣ, Каздон Чашмаоб, Балҷувон Балхувон омадааст. Нигоҳи кӯр — кӯронаи мо ба таърих оқибатҳои бадро ба бор хоҳад овард.

Аксари номҳои деҳоти кишвари мо номҳои таърихиянд, ки ҳар кадом маънои хосаи хешро доранд. Номи маҳалу деҳоти қисмати вилояти Хатлон, ВМБК ва водии Зарафшону Суғд номҳои суғдӣ буда, бозгӯи фарҳангу тамаддуни миллатанд.  Бинобар ин Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ бояд ба номгузории мавзеъҳо басо оқилона муносибат кунад. Ва қабл аз оне, ки номи ин ё он маҳалро иваз карданӣ мешаванд, бояд бо таърихшиносон, ҷуғрофидонҳо ва бостоншинсону забондонҳо машварат кард. 

Масъалаи дигаре, ки бояд ба он таваҷҷуҳ кард, такрор ба такрор гузоштани номи маҳалҳост. Масалан, танҳо номи: Айнӣ 10, Ваҳдат 25, Гулистон 40, Даҳана 19; Дӯстӣ 25; Зарафшон 10; Зафаробод 11; Истиқлол 25; Лангар 18; Лоҳутӣ 12; Меҳнатобод 16; Меҳробод 15; Муъминобод 10; Навбаҳор 12; Навобод 50; Наврӯз 16; Пахтакор 30; Сайёд 11; Сомону Сомонию Сомониён 15; Файзобод 19; Хайробод 11; Ҳаёти нав 15; Шаҳринав 11, маротиба такрор шудаанд. Мо ин ҷо танҳо ҳамон деҳаҳову маҳалеро овардем, ки шуморашон аз 10 болост. Чун номҳои дигаре низ дар номгузориҳои манотиқи кишвар дучор меоянд, ки аз 4 то 9 маротиб такрор шудаанд. Мухтори Сайидбурҳон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *