Мино Баҳруллоева

Мино: Аз издивоҷ наметарсам, вале…

“Замоне, ки ман хурд будаму дар театр-студияи “Падида” рақс мекардам, атрофиён маро рақосса мегуфтанд. Ман ҳам ба ин суханҳо одат кардам. Мардум ва мухлисонам маро аз аввал бо ҳамин тарзи либоспӯшӣ ва рақсҳои саҳнавиям қабул карданд”. 

Ин сатрҳо порае аз суҳбати бону-сарояндаест, ки дар эстрадаи тоҷик сабку услуби хосаи худро дорад. Ӯ Мино Баҳруллоева аст, ки аз синни 4- солагӣ ба дунёи рақс ворид шуда, дар 7-солагӣ шомили дастаи рақсии “Падида” гаштааст. Модари Мино мехост духтараш яке аз чеҳраҳои аввалин ва шинохта дар ҷодаи интихобкардааш бошад, вале ӯ хостаи модарро иҷро карда натавонист ва модар қатъиян талаб кард, ки сароянда шавад. Мино, ки намехост рақсро тарк кунад, бо шарти сароидани як суруд розӣ шуд. Ӯ ҳеҷ гумон надошт, ки сурудҳояшро мухлисон хуб қабул мекунанду дар эстрада мақоми худро касб менамояд. Чаро Мино аз рақоссагӣ ба сарояндагӣ рӯ овард? Кадом суруд ӯро машҳур кард? Ба ин саволҳо аз ду суҳбати бо Мино анҷомдодаи Орзу ва Рафаел посух пайдо намуда метавонед.

— Аввалин суруде, ки шуморо ҳамчун Мино мурррифӣ кард, кадом аст?

— Соли 2014 дар 16-солагӣ бо раҳнамоӣ ва дастгирии модарам суруди аввалинам “Ай ёр”-ро сабт намуда, дар барномаи солинавӣ сароидам. Суруди дуюмам “Бачаи дарвозӣ “ буд, сеюмаш “Кабки Данғара” ва ҳамин тавр, мардум маро хуб қабул карданд.

— Ҳам мерақсидеду ҳам суруд мехондед?

— Бале, як сол ҳам дар ансамбл рақс мекардаму ҳам сарояндагӣ. Боре дар як тӯй маро ҳамчун сароянда даъват карданду дастаи рақсии “Падида”-ро низ. Намедонистам, ки чӣ гуна ҳам рақс кунаму ҳам суруд сароям, вале ба хубӣ аз уҳдааш баромадам.

— Рақс кардан орзуи кӯдакиатон буд ё интихоби модаратон?

— Ман мехостам рӯзноманигор шавам, аммо дар наврасӣ интихобамро дигар карда, бо хоҳиши модарам сароянда шудам.

— Вақте дар “Падида” рақс мекардед, медонистед, ки садои хуб доред?

— Не, намедонистам, баъд фаҳмидам, ки овози бақувват доштаам (механдад).

— Мино кадом хӯрокро дӯст медорад?

— Ширбиринҷи бе шакарро бисёр дӯст медорам. Ҳатто хурд будам, вақте модарам мепурсид, ки аз мағоза чӣ биёрам, ман мегуфтам ширбиринҷ биёред.

— Модар шуморо танҳо ба воя расонидааст?

— Бале, хурд будам, падарам вафот кард. Ману акаамро модарам ба танҳоӣ ба воя расонид. Зиёда аз 7 сол мешавад, акаам дар Маскав зиндагӣ мекунад ва моҳе қабл бо як духтари рус оиладор шуд.

— Баъди вафоти падар модаратон шавҳар кард?

— Не, он замон тақрибан 30- сола буданд. Хотирам ҳаст, ки модарам зиёд кор мекарданд, дар коллеҷи санъат ба ҳайси муаллимаи забони рӯсӣ дарс медоданд. Баъди дарсҳояш ба хотири моро хӯрондану пӯшонидан, бозори Шоҳмансурро, ки он замон бо номи “Зелёний бозор” маъруф буд, мерӯфтанд. Шояд фурсати барои худ пайдо кардани ҷуфти муносибро надоштанд. Хотирам ҳаст, ки аз кор бисёр хаста меомаданд, боз мо беқарорӣ мекардем, ки моро ба ҷойҳои истироҳатӣ, ба боғ баранд. Ба хотири надоштани шароит модарам танҳо ба бародарам либос мехарид, вақте либосҳо майда мешуданд, ман мепӯшидам ва то синни 8- солагӣ ҳамин гуна зиндагӣ мекардем.  

— Хурд будед, модар ба кор мерафт, шуморо кӣ нигоҳубин мекард?

— Бародарам ба боғча мерафту ман ҳамроҳи модарам ба коллеҷ рафта, дар бараш менишастам. Аз он ки хурд будам, дар корҳояш халал мерасонидам.

— Продюсери Мино кист?

— Модарам. 7- сола будам, ки аз “Падида” 15 сомонӣ маош мегирифтам, даҳ сомониашро ба модарам медодаму 5 сомониашро худам мегирифтам.

— Оё туҳфаҳои ногаҳониро Мино қабул мекунад? Охирон бор аз кӣ чӣ туҳфа гирифта будед?

— Тақрибан як сол пеш ба ман ҷавоҳирот оварданд, ки бисёр вазнин буд, вале ман тилловорӣ истифода намебарам. То ҳол намедонам, ки онро ба ман кӣ туҳфа кардааст.

— Сафарҳои зиёд доштед, кадом кишварҳо бештар бароятон писанд аст ва мехоҳед дар он ҷо зиндагӣ кунед?

— Ман дар ягон кишвари дунё аз ду ҳафта зиёд зиндагӣ карда наметавонам. Чунки дар Тоҷикистон пораи қалби ман- модарам ҳаст, ки пеш аз ҳама хеле пазмонашон мешавам. 

— Аз издивоҷ кардан метарсед, Мино?

— Не, наметарсаму нест ҳамон ҷавоне, ки дар бовариам бошад.

— Мехостам назари шуморо дар бораи шарҳҳое, ки зеро аксу видеоҳои шумо менависанд, бифаҳмам.

— Ман одат кардаам, аммо модарам ғамгин мешаванд.

 Омодасоз М. Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *