Мино хостгории барандаи машҳури ТВ «Тулӯъ»-ро рад кард?

Шабакаи машҳуртарини Афғонистон “Тулӯъ” ҳафтаи гузашта дар барномаи “Биё гап занем” бо зебосанами саҳнаи тоҷик, сарояндаи ҷавону хушовоз Мино суҳбати ҷолиберо намоиш дод.

5 барандаи ин шабака бо Минои соҳибҷамол аз ҳар боб саволу ҷавоб карданд. Мино бо донистани 7 забон ровиёни ин шабакаро қоил карда, ба суолҳои бешумори эшон ва тамошобинони барнома ҷавобҳои хуб дод. Барномаи мазкурро тамошобинони тоҷик низ тариқи моҳвора тамошо карданд ва чанд тан аз мухлисони Мино ба мо занг зада, хоҳиш карданд, ки дар боби сафараш ба Афғонистон бо ин паричеҳра суҳбат намоем. Мино нав аз сафар баргашта бошад ҳам, ба хастагиаш нигоҳ накарда пешниҳоди моро пазируфт.

  

-Хонум Мино, сараввал бигӯед, ки сафари шумо ба Афғонистон бо ибтикори кӣ сурат гирифт?

-Пеш аз Иди Қурбон роҳбари шабакаи “Тулӯъ” маро даъват намуд, вале пешниҳоди эшонро қабул накарда гуфтам: танҳо дар он сурат меравам, ки розигии расмии ҳукуматро барои сафари банда ба Афғонистон бигиранд. Онҳо тамоми ҷузъиёти сафарро бо Вазорати фарҳанг мувофиқа карданд ва мо бо иҷозат ба роҳ баромадем.

 

-Шумо, як духтараки ҷавон чӣ тавр натарсида ба ин кишвари ҷангзада, ки ҳар дам дар кӯчаҳояш садои тиру тӯп ва таркиш баланд мешавад, рафтед? Натарсидед, ки шуморо гаравгон мегиранд ё бо ягон фалокати дигар рӯ ба рӯ гаштанатон мумкин?

Аз фурудгоҳ то маркази Кобул 4 мошини зиреҳпӯш ва низомиён, ки амнияти моро таъмин мекарданд, ҳамсафарамон буданд. Як шабонарӯз дар меҳмонхона истода, машқ кардем. Шоири афғон Ёқуб Усмонӣ матни суруди Қатағанро навишта ба ман дод, то азбар намуда, рӯзи дигар дар барнома сароям, ба ғайр аз ин, боз чанд таронаи дигари афғонӣ омода кардам, то хотири мардуми афғонро хуш созам.

 -Аксари мухлисонатон мехоҳанд таассуроти Миноро аз консерти дар Афғонистон додааш бидонанд…

-Вақте ки консерт сар шуду ман бо куртаи чакани тоҷикӣ ба саҳна баромадам, якбора тамоми толор ба по хест. Ростӣ, чунин истиқболи гармро дар кишвари бегона ҳеҷ интизор набудам.

Омадам аз раҳи дур,
Меҳмон шудам ба Кобул.
Мехонам Катаған,
Худо бта ҷоми ҷур,
Эй мачаи мазорӣ,
Чашмакотай хуморӣ.
Дил бурдаӣ зи дастам,
Хабар дорӣ, надорӣ.

Вақте ки ин мисраҳоро месурудам, садои кафкӯбиҳо он қадар баланд шуд, ки толор ба ларза даромад. Ин лаҳзаҳоро то ҳол ба ёд оварда, дилам гум мезанад.

-Ҳар як сароянда таронае дорад, ки ба қавле БРЕНД мешавад ва мардум бо ҳамон суруд ӯро мешиносанд. Кадом суруди шумо дар Афғонистон машҳур аст?

-Фикр мекунам суруди “Мино тра дӯст медорад”  бисёр машҳур аст, чунки чанд маротиба гаштаю баргашта такроран хондани ҳамин сурудро аз ман хоҳиш карданд. Вақте ки ин сурудро мехондам, мардум аз ҷойҳояшон бархоста каф мекӯфтанд ва маро гулборон мекарданд.

-Аз Афғонистон ба Тоҷикистон бо худ чӣ овардед?

-Меҳру муҳаббати мардуми афғон ва хотираҳои ширин, ғайр аз ин либосҳои бисёр шинами афғонӣ, ки мухлисонам ба ман туҳфа карданд.

— Чанд рӯз меҳмони ин кишвар будед?

-Як ҳафта. Бовар кунед, ин ҳашт рӯз чӣ хел гузашт, худам нафаҳмида мондам. Истиқболи гарму самимӣ ва меҳмоннавозии мардуми афғон бисёр хушам омад.

-Яке аз ровиёни телевизиони “Тулӯъ” рӯирост ба шумо изҳори муҳаббат намуд, вале пешниҳоди ӯро рад кардед. Магар ин аз рӯйи сенария буд?

Не, ин танҳо як бозии телевизионӣ набуд. Дар ҳақиқат вай ба ман изҳори муҳаббат намуд, вале хоҳишашро рад кардам, чунки хеле ҷавон ҳастам ва гумон мекунам, ки ба зиндагӣ оилавӣ ҳанӯз чандон омода нестам.

 -Афғонбачае, ки бо забони англисӣ ба шумо суол дод, чиро фаҳмидан мехост?

-Ӯ бо забони англисӣ пурсид, ки дар Афғонистон ба шумо чӣ бештар маъқул шуд? Ман дар ҷавоб гуфтам, ки пешвозгирии пурмуҳаббат ва санъатдӯстии мардуми афғон бисёр писандам омад.

 -Дар барнома як ҷавони гандумгунаи афғон аз шумо хоҳиш кард, ки чор мисра суруди ошиқона замзама намоед. Ростӣ, байтҳое, ки дар ҷавоби ин суоли афғонбача хондед, барои мо ношинос буданд…

-Он мисраҳо аз як суруди нави ман ҳастанд, ки ҳанӯз ба гӯши мухлисони тоҷикам нарасидааст.

Э бача, дур бра, ҳилаву найранг наку,
Дилаки содаи мара фиребу фанд наку.

Бисёр мапурс суроғаи хонаи мо,
Мӯйҳои худа шона назан, чанг наку.

-Раваду ягон афғони миллионер хостгоратон шавад, пешниҳодашро қабул мекунед?

-Аслан бо кӣ хонадор шудан аз тақдиру насиб вобаста аст, вале ман гумон мекунам, ки Мино зеби бачаи тоҷик дорад.

-Наход ягон ҷавонмард то имрӯз ба дили Мино роҳ наёфта бошад?

-Талабгорон зиёданд, вале худам таваҷҷуҳ намекунам. Росташро гӯям, он қадар саргарми кору эҷод ҳастам, ки барои дар ин бора фикр кардан вақт намеёбам.

-Дар Афғонистон ягон чизе буд, ки шуморо ба риққат оварда, ғамгин сохта бошад?

-Рӯзи охирини сафарамон ровиёни шабакаи “Тулӯъ” барои гусел ҷамъ омада маро гирд карданд. Ҳар лаҳза мепурсиданд, ки боз кай меоӣ. Гуфтам, ки худо хоҳад, албатта боз меҳмони кишвари шумо мешавам. Ҷавоне бо диққат ба рӯйи ман нигарист ва оҳи сарде кашида гуфт: “…агар зиндаву саломат бошем, боз мебинем, агар не…” Аввал ҳайрон шудам, ки чаро як бачаи ҷавон мисли мӯйсафедон гап зада истодааст, вале баъд ба ёдам расид, ки дар ин кишвар чандин сол боз ҷанг аст ва мардум то фардо умеди зистан надоранд, зеро ҳар лаҳза хатари ҳадафи тир гаштан ва марг онҳоро гиребонгир аст. Он ҷавон низ ба фардои худ умед надошт. Боварӣ надошт, ки боз дида ба дидор мерасад, барои ҳамин оҳи сард кашида “агар зинда бошем…” гуфт. Медонед, ман баъди суханони ҳамон ҷавони афғон ба қадри сулҳу субот ва оромие, ки дар кишварамон ҳукмрон аст, бештар расидам. Мо, тоҷикон бояд сад шукр кунем, ки ба оянда умеди сабз дорем.

Мино, мебинам, ки бисёр лоғарандом шудаед. Ин таъсири сафар ба Афғонистон аст ё ягон сирри дигар дорад?

 —Аз моҳи рамазон сар карда, то имрӯз ман танҳо хӯрокҳои парҳезӣ мехӯрам.

 -Чаро? Магар бемор ҳастед?

-Парҳез мекунам.

-Шумо чандон фарбеҳ набудед-ку?

-Чандин касон гуфтанд, ки нав 20- сола шудаӣ, вале аз сину солат қариб даҳ сол калон метобӣ. Қаҳрам кард ва аҳд кардам, ки парҳез мекунам.

-Шунидем, ки ба наздикӣ бо сарояндаи машҳури Узбекистон Лола бадеҳа месароед?

-Бадеҳа не, барои як консерти муштарак додан тайёрӣ дида истодаем. Худо хоҳад, ба наздикӣ Лола ба Тоҷикистон меояд ва мо дукаса саҳнаро лолазори ишқ месозем.

-Ба шумо парвозҳои бланди эҷодиро таманно дорем!

Суҳбаторо: Рустам Азимӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *