Мир Мафтун: Бобоям аз Кӯлоб ва тоқии бадахшӣ самбули ман аст!(Видео)
Мир Мафтун, сарояндаи маъруфи тоҷик аз Афғонистон аст, ки бо иҷрои сурудҳои мардумӣ дар ҷаҳони форсизабон маҳбубият ба даст овардааст. Ҳунарманд дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлол бо як сафари кӯтоҳ дар Душанбе қарор дошт. Зимни ин сафар суҳбате доштем бо сароянда, ки фишурдаи он пешкаши шумо мегардад.
Мир Мафтун, сарояндаи маъруфи тоҷик аз Афғонистон аст, ки бо иҷрои сурудҳои мардумӣ дар ҷаҳони форсизабон маҳбубият ба даст овардааст. Ҳунарманд дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлол бо як сафари кӯтоҳ дар Душанбе қарор дошт. Зимни ин сафар суҳбате доштем бо сароянда, ки фишурдаи он пешкаши шумо мегардад.
-Ҷаноби Мафтун, хуш омадед ба Душанбе, ба ватани худатон. Суоли нахустинам ин аст, ки бо чӣ барномаи ҳунарӣ ба Тоҷикистон ташриф овардед?
-Ташаккур аз шумо, ки ба суроғи мо омадед. Ман тоҷик ҳастам ва табиист, ки мухотабони зиёде дар Тоҷикистон дорам. Панҷ сол аст, ки натавонистам бо мухлисони тоҷикистониам рӯ ба рӯ шавам ва инак худро хушбахт эҳсос мекунам, ки дар Душанбе ҳастам. Бовар кунед, дар ҳамин шабу рӯз ман ба Олмон, Канада ва Туркия даъват шуда будам, аммо чун ба ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон даъватнома гирифтам, ҳама сафарҳоямро як сӯ гузошта, ҷониби Душанбе шитофтам. Маро дар ин сафар рубобнавози хушҳунар Малик Парвонӣ бо писараш Самеъ ва писарам Муҳаммадризои Мафтун ҳамроҳӣ мекунанд. Инак, тӯли се рӯз барои мухлисон дар тарабхонаи “Помир” барномаи ҳунарӣ пешкаш кардем.
-Зимни як сафар ҳатто Президенти Тоҷикистон ба шумо ҷомаи зардӯзӣ ҳадя намуд…
-Бале, ин лаҳза ҳеҷ аз ёди ман намеравад. Панҷ сол пеш Ҷаноби Олӣ лутф карда, маро ба маросиме даъват карданд ва дар фаровард ба ман ҷомаи зардӯзӣ ҳадя карданд. Ин ҷома ҳанӯз бо ман аст ва то зинда ҳастам, онро болои чашм мегузорам.
-Шумо замоне ба саҳнаи ҳунар ворид шудед, ки мусиқии Афғонистон ба Аврупо майл дошт. Оғои Мададӣ, Аҳмад Зоҳир ва дигарон пайравони зиёде доштанд. Чӣ сабаб шуд, ки шумо ба фолклор рӯ овардед ва тори бобоиро авло донистед?
-Падари ман ҳунарманди мардумӣ буд ва бо доираву думбра овозхонӣ мекард. Ман ҳам дар пайравӣ ба падар сурудҳои фолклорӣ мехондам ва чун ба майдони васеъ баромадам, мухлисон маро хуш пазируфтанд. Гаравидан ба мусиқии ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам дар Афғонистон, мисле ки дар Тоҷикистон аст, идома дорад. Аммо дар ин миён ман ягона нафаре шудам, ки дар Осиёи Марказӣ сурудҳои мардумии тоҷикиро нигоҳ доштам.
Ин сурудҳо аз падару бобоямон ба мо мерос монда, хеле бароямон азиз ҳастанд. Он чизе ки ман нав эҷод мекунам, дар асоси мусиқии гузаштаамон аст.
Мусоҳиб
Одил Нозир
“Тоҷикистон”
Матни комили мусоҳиба дар шумораи ояндаи «Тоҷикистон» чоп мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ