Мир Зафар: Агар Худованд чанд соли дигар умр диҳад…

Мир Зафар нависандаи тоҷик, ки панҷ соли охир аз ночорӣ дар Русия ба «бомж» табдил ёфта буд мегӯяд,ки дар пайи як латту кӯб аз сӯи миллатгароҳои рус хотираашро аз даст дода буд. 
Ӯ дар навори видеоие, ки  аз тарафи Маркази фарҳангии «Мардуми Шарқ» нашр шудааст, мегӯяд, панҷ солро ҳамроҳ бо бехонумонҳо, фоҳишаҳо, дуздҳо, одамкушҳо ва нашъамандҳо сипарӣ кард: «Зери дарахтҳо хоб мерафтам ва чизе намедонистам. Намедонистам, ки ман кӣ ҳастам? Танҳо номам дар хотирам буд, ки Мир аст».

Ба қавли ин нависандаи тоҷик, ки ҳоло дар Маркази фарҳангии «Мардуми Шарқ» ба сар мебарад, он замон одамони гуногун ба ӯ кӯмак кардаанд: «Баъдан як ҳодисаи аҷибе ба вуқӯъ омад. Бо ман нафаре бо номи Мирзода Маҳмадназар вохӯрд. Фикр кардам ки як одами оддӣ мебошад. Ӯ консули фахрии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург будааст. Кӯмаки  молӣ намуд, акс гирифт ва рафт. Баъдан Зафар, Аъзам, Мақсуд, Раҳим, Шавкат омаданд, ки то ба ҳол ба ман кӯмак мекунанд».

Мир Зафар мегӯяд, ӯ ҳеч гоҳ худашро нодор эҳсос накардааст, зеро ба қавли вай : «Он чизе дорам, яъне қалами манро касе аз ман гирифта наметавонад. Ман китобҳои худамро дорам. Ман ҳазорҳо хонанда дорам».

Ҷаноби Мир, ки айни замон аҳволаш рӯ ба беҳбудист мегӯяд, ки дубора ба нависандагӣ рӯ оварданиаст: «Агар Худованд чанд соли дигар умр бидиҳад, ман менависам». 

 Мавсуф  аз нафароне, ки ӯро мешиносад ва ё барои навиштани китоб ёрӣ додан мехоҳанд,  ҳоҳиши онро дорад, ки  ба Маркази фарҳангии “Мардуми Шарқ” муроҷиат кунад.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *