Миралӣ, бародари Нуралиро дар Кӯлоб куштанд

 

Соҳибкори шинохта дар Кӯлоб Миралӣ Ҳасанов маъруф ба «Алабердӣ», дар як муноқиша бо гурӯҳи ҷавонон, кушта шудааст.

Миралӣ Ҳасанов ҳамроҳ бо бародараш Нуралӣ Ҳасанов пас аз пошхӯрии Шӯравӣ Маркази савдои «Ғайрат» дар Кӯлобро хусусӣ карда, атрофи он бозори фурӯши таҷҳизоти техникии «Лола»-ро ташкил карда буданд.Нуралӣ Ҳасанов, бародари Миралӣ Ҳасанов гуфтааст,ки  муноқиша баъд аз зӯҳри 10 январ замоне рух дод, ки ӯ як ҷавонро, ки миёни бозор мошинашро ба суръат меронд ва ба гуфтаи ӯ, дар бозор «бетартибӣ» менамуд, насиҳат кард. Ба гуфтаи Нуралӣ Ҳасанов, ин ҷавон ба дунбол як гурӯҳро ба бозор оварда, дар як муноқиша бародарашро дар анбӯҳи одамон, бо корд захмӣ кард. Нуралӣ Ҳасанов мегӯяд, ки ҳарчанд ин ҷавон ба сӯи ӯ теғ кашид, аммо бародараш дар ин миён кушта шуд. «Дар даруни бозор мошинро тез ронд ва ман насиҳаташ кардам, ки чунин рафтор накунад, аммо суханони манро гӯш накард. Баъди чанд дақиқа одамонро ҷамъ карда овард ва кордро гирифта ба сӯи ман давид. Ман кордро аз дасташ гирифтам, аммо ҳамроҳонаш муноқиша карданд ва дар ин миён бародари маро бо корд захмӣ карда, фирор намуданд. Баъди чанд лаҳза бародарам ҷон дод»,—гуфт Нуралӣ Ҳасанов дар шарҳи ҳодиса. Як масъули шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб гуфтааст, ки дар пайи ин ҳодиса Амирҷон Мусоеви 22-сола боздошт шуда ва нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад: «Амирҷон Мусоев донишҷӯи соли дуюми Донишкадаи технологӣ буда, дар пайи ин ҳодиса боздошт шудааст. Ӯ дар бозор ҷанҷол карда, баъдан бо корд Мирзоалӣ Ҳасановро захмӣ кардааст.»Бозори фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳо дар паҳлӯи бозори марказии “Саховат” қарор дорад ва раиси он Нуралӣ Ҳасанов ҳамроҳи писараш умури онро дар даст доранд. Масоҳати ин бозор 1 гектарро ташкил дода, зиёда аз 500 тоҷир ба фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ машғуланд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *