Мирбобоев: Тоҷикистон дар Фарғона кӯдакистон месозад

Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон мактаби ӯзбекӣ ва дар ноҳияи Дӯстӣ мактаби миёна месозад, инчунин Тоҷикистон дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон мактаб ва дар вилояти Фарғона боғчаи бачагона месозад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии вазорати маориф ва илми кишвар муовини аввали вазири маориф ва илми Мирбобоев Раҳматулло ба самъи рӯзноманигорон расонид.

-Айни замон дар ҳудуди Тоҷикистон 77 мактаби ӯзбекӣ, 426 мактаби дузабонаи ӯзбекӣ ва тоҷикӣ фаъолият мекунад ва 130 ҳазор толибилми Тоҷикистон бо забони ӯзбекӣ ба таълим фаро гирифта шудааст, — гуфт Мирбобоев. Ҳамчунин, ӯ қайд кард ки мактабҳои ӯзбекӣ мушкилоти дастрасӣ ба китобро надоранд, чунки вазорати мариф ва илми кишвар онҳоро бо васоити таълим таъмин намудааст.

Қарори сохтани мактаб аз ҷониби ду кишвар пас аз сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон гирифта шуд. Қарор аст, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчунин дар ноҳияи Деваштич як бунгоҳи тиббӣ бунёд кунад. Ҳамчунин сафари президенти Тоикистон ба Ӯзбекистон дар охирҳои моҳи август ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *