Мири Мафтун, овозхони тоҷики зодаи Афғонистон дар Душанбе
Мири Мафтун, яке аз овозхонҳои машҳури Афғонистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Ӯ барои иштирок дар барномаҳои идонаи Наврӯзӣ ба Душанбе омадааст.
Интизор меравад, ки ӯ дар пойтахти Тоҷикистон ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ барномаҳои консертиро пешниҳоди мухсилонаш гардонад. Аз ҷумла, консертҳои ӯ 26 март дар Кохи Суруши Душанбе, 23 март дар Бохтар, 24 март дар Ваҳдат дар назаранд.
Ёдовар мешавем, ки Мири Мафтун соли 2013 аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе даъват гардид ва дар ин ҷо консерт баргузор кард. Ӯ яке аз таронаҳояшро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бахшидааст.
Соли 2019 ӯро дубора ба Тоҷикистон даъват карданд ва дар ин ҷо таронаҳои нави худро пешкаши тамошобинон намуд.
МАЪЛУМОТНОМА
Мири Мафтун — овозхони 60-солаи тоҷик, зодаи Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон аст. Сурудхои маҳаллӣ (миллӣ) ва фолклорӣ дар иҷрои ӯ, инчунин таронаҳои Фалак дар Тоҷикистон хеле машҳуранд. Мири Мафтун танҳо асбобҳои миллӣ, аз қабили дутор, дамбур ва ғайра менавозад ва танҳо ба забони модариаш дарӣ (тоҷикӣ) месарояд. Ӯ таронаҳои худро дар чорабиниҳо шурӯъ аз телевизиони Кобул то деҳааш дар Ишкошим иҷро мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ