Миронов: Ба зодагони Осиёи Марказӣ шаҳрвандӣ надиҳед!
Сергей Миронов, раиси Ҳизби “Справедливая Россия” ва вакили Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, ки додани шаҳрвандии Русия ба зодагони Осиёи Марказӣ ҳадди ақал то соли 2026 манъ карда шавад.
«Чаро садҳо ҳазор шиносномаҳо ба меҳмонони ҷанубӣ дода мешаванд? Чаро анклавҳои этникӣ эҷод мешаванд? Чаро миллиардҳои буҷетро барои таъминоти иҷтимоии ин шаҳрвандони нав сарф мекунем? Аз ин Русия чӣ фоида мегирад?»,- гуфтааст ин вакили парлумон дар телеграм-канали худ.
Ӯ ба ин бовар аст, ки ба таври оммавӣ додани шиносномаи Русия ба муҳоҷирони корӣ танҳо барои гурӯҳи мансабдорони фасодзада ва қаллобон, ки аз ин кор пул ба даст меоранд, манфиат дорад.
«Давлат бояд ба ин мафия муқобилият кунад ва манфиатҳои худро дар соҳаи амнияти миллӣ ҳифз намояд. Аз ҷумла, тавассути мораторий ба додани шаҳрвандии Русия ба сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ. Ҳадди ақал то соли 2026. Ва дар ин муддат мумкин аст қонунгузориро танзим карда, хадамоти муҳоҷиратро ислоҳ намоем, онро аз ришватгирон пок созем ва инчунин, қонунияти шиносномаҳои пештар додашударо санҷем»,- пешниҳод кардааст ин вакили Дума.
Маълум нест, ки ин пешниҳоди Миронов расман ба Думаи давлатии Русия ирсол шудааст ё не.
Ин аввалин пешниҳоди Миронов алайҳи муҳоҷирон нест. Ӯ қаблан пешниҳод карда буд, ки Русия барои кишварҳои Осиёи Марказӣ раводид ҷорӣ кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ