Мирзиёев ҳайати ҳукумати Ӯзбекистонро иваз намуд

Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон, ҳайати нави ҳукумати ин кишварро тасдиқ кардааст. Бар асоси фармонҳое, ки Мирзиёев рӯзи 13 сентябр имзо намуд, Маҷид Каримов ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақоми муовини нахуствазири Узбакистон дар умури ҷавонон, маориф, фарҳанг ва варзиш барканор шудааст. Абдулло Орифов муовини нави нахуствазир таъин шудааст. Алишер Ваҳҳобов аз мақоми вазири маълумоти махсуси миёна ва олии Узбакистон озод шуда, ба ҷои ӯ Рустам Қосимов омадааст. Бар асоси фармонҳои Шавкат Мирзиёев, Рустам Азимов дар мақоми муовини аввали нахуствазир ва вазири молия ва Адҳам Икромов дар вазифаи муовини нахуствазири Узбакистон боқӣ мондаанд. Ислом Каримов, раҳбари пешини Узбакистон, рӯзи 2 сентябр бар асари сактаи мағзӣ ё инсулт даргузашт ва баъдан Шавкат Мирзиёев муваққатан иҷрокунандаи ин вазифа шуд. Интихоботи президентии Узбакистон рӯзи 4 декабри имсол баргузор мешавад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *