Мирзиёев ба Русия меравад

Вазирони умури хориҷии Русия ва Ӯзбекистон рӯзи 18-уми март масъалаи омодагӣ ба сафари давлатии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба Маскавро баррасӣ кардаанд.

Вазорати умури хориҷии Русия бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ гуфт, Сергей Лавров ва Абдулазиз Комилов дар ин бора рӯзи ҷумъа телефонӣ сӯҳбат карданд.

Дар ҷараёни гуфтӯгу ҳамчунин масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо дар масоили байналмилалиро баррасӣ кардаанд. Санаи дақиқи сафари Шавкат Мирзиёев ба Русия ҳанӯз эълон нашудааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *