Мирзиёев ба “Талко” меравад

Дар ҷараёни сафари кории Шавкат Мирзиёев, президенти  Узбекистон ба Тоҷикистон дар моҳи сентябр, ки ҳамзамон бо ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе баргузор мешавад, қарор аст президенти кишвари ҳамсоя аз ширкати «Талко» ҳам дидан кунад.

Игор Сатторов, сухангӯи ширкати «Талко» гуфтааст, ки сафари Мирзиёев бо ҳадафи ошноӣ аз кори корхонаи алюминий сурат мегирад.Ба гуфтаи Игор Сатторов, корхонаи муштараки тоҷикиву узбекии истеҳсоли мошинҳои борбар бо ширкати «Krantas»-и Узбекистон дар ҳудуди ширкати «Талко» бунёд хоҳад шуд. Ҳоло корҳои насби таҷҳизоти коргоҳ дар бинои бекормондаи «Талко» тақрибан анҷом ёфта, мутахассисон насби мошинҳоро тамрин мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *