Мирзиёев ба ӯзбекистониҳо иҷозат дод маблағро берун баранд
Шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳамакнун метавонанд, то 10 ҳазор доллари ИМА-ро ба таври нақдина ба хориҷ баранд.
То ин замон шаҳрвандони он кишвар ҳақ доштанд, ки то 2 ҳазор долларро бидуни эъломия ва то 5 ҳазор долларро бо тартиб додани эъломия ба хориҷ баранд. Барои берун бурдани миқдори бештари маблағ иҷозати Бонки марказии он кишвар зарур буд.
Ин тартибот 23 октябр баъди он ба иҷро даромад, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қонуни нав «Дар бораи танзими бозори асъор»-ро имзо кард.
Қонуни мазкур ҳамчунин ба шаҳрвандон иҷозат медиҳад, ки дар хориҷ суратҳисоби бонкӣ боз кунанд ва аз суратҳисоби бонкҳои Ӯзбекистон ба хориҷ ва баракс, аз хориҷ ба дохил маблағ ирсол намоянд. Ҳуҷҷат ҳамчунин шаҳрвандонро вазифадор мекунад, ки тамоми ҳисобҳо ва пардохтҳоро дар дохили Ӯзбекистон бо асъори миллӣ анҷом диҳанд. Арзиши мол ва хизматрасониро бо асъори хориҷӣ нишон додан манъ шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ