Мирзиёев: Кишваре мехост ҳавопаймои моро сарнагун кунад
Шавкат Мирзиёев, ки дар ҷаласаи ҳукумати Ӯзбекистон суханронӣ мекард, гуфт, “як кишвар” ҳангоми аз фазояш парвоз кардани ҳавопаймои Ӯзбекистон, ки барои бозгардондани занону кӯдакони ӯзбекистонӣ озими Сурия шуда буд, аз имкони сарнагун кардани шудани ҳавопаймои мо ҳушдор дод.
Раиси ҷумҳури Ӯзбекистон гуфт, ки ҳангоми бозгардондани 156 шаҳрванди ин кишвар аз Сурия ба мушкилоти зиёде пайдо шудааст.
Шавкат Мирзиёев, ки дар ҷаласаи ҳукумати Ӯзбекистон суханронӣ мекард, гуфт, “як кишвар” ҳангоми аз фазояш парвоз кардани ҳавопаймои Ӯзбекистон, ки барои бозгардондани занону кӯдакони ӯзбекистонӣ озими Сурия шуда буд, аз имкони сарнагун кардани шудани ҳавопаймои мо ҳушдор дод.
“Ҳавопаймои мо маҷбур шуд, ба фурудгоҳи Озарбойҷон шинад ва сипас, ба Ӯзбекистон баргардад”-гуфт Мирзиёев.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Ӯзбекистон, ин кишвар қасд дошт ду баробар бештар шаҳрвандони худро аз урдугоҳҳои Сурия ба ватан бозгардонад.
“Аммо одамони моро надоданд. Аз панҷ автобусе, ки ба урдугоҳ рафта буд, танҳо ду автобус бо занону кӯдакони ӯзбекистонӣ берун омад”-гуфт раиси ҷумҳури Ӯзбекистон.
Зимнан, рӯзи 30 май дар доираи амалиёти “Меҳр”-и ҳукумати Ӯзбекистон 156 нафар занону кӯдакони ӯзбек дар моҳи мубораки Рамазон аз минтақаи ноороми Ховари Миёна ба ватан бозгардонда шуданд.
Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Президенти Ӯзбекистон, субҳи 30 май онҳо тавассути парвози мустақими ҳавопаймо ба фурудгоҳи шаҳри Тошканд расиданд.
Бар асоси хабари ин манбаъ, занону кӯдакон бо роҳҳои фиреб ба Ховари Миёна рафта, душвориҳои сахт ва ҳаёти пурхатарро пушти сар кардаанд.
Ниҳодҳои давлатии Ӯзбекистон ба занону кӯдакони бозгашта кумаккҳои тиббӣ, равонӣ, моддӣ ва маънавӣ расонда ва онҳо бо манзил, кор ва таҳсил таъмин хоҳанд шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ