Мирзиёев мақбараи Ислом Каримовро зиёрат кард

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон аз Маҷмааи ёдгории илмию маърифатӣ ба номи Ислом Каримов дидан карда ва ба пояи муҷассамаи Президенти нахустини ин кишвар гулчанбар гузошт.

Ислом Каримов рӯзи 2 сентябри соли 2016 вафот карда ва дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд дафн шуда буд.

Бар асоси қарори Шавкат Мирзиёев ҳамасола рӯзи 2 сентябр ба унвони Рӯзи хотира дар сартосари Ӯзбекистон таҷлил мешавад.

Дар маросими гулгузорӣ вакилони парлумон, аъзои ҳукумат, намояндагони илму фарҳанг ва ҷавонон ширкат доштанд.

Пас аз гулгузорӣ ҳозирин ба арвоҳи Ислом Каримов аз Қуръони маҷид оят тиловат шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *