Мирзиёев: Мо бояд дар Ӯзбекистони нави озоду пешрафта зиндагӣ кунем!

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 декабр дар паёми худ ба парлумон пешниҳод кард, ки соли 2021 дар кишвараш Соли дастгирии ҷавонон ва тақвияти саломатии шаҳрвандон эълом карда шавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар доираи ин сол ва дар асоси идеяи «Ӯзбекистони нав аз долони мактабҳо ва бо низоми таълиму тарбия оғоз мешавад» ислоҳотҳои сартосарӣ гузаронида хоҳад шуд.

«Дар пеши худ ҳадафи бузург — ташаккули заминаи эҳёи навро дар кишвар гузоштаем. Бо ин мақсад бояд муҳитро сохт ва барои тарбияи Хоразмӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Улуғбек, Навоӣ ва Бобури нав бояд шароитро фароҳам кард», — изҳор дошт Мирзиёев.

Шавкат Мирзиёев ҳамчунин гуфт, ки кишвараш соли 2021 ҷашни истиқлоли худро дар асоси идеяи «Мо бояд дар Ӯзбекистони нави озоду пешрафта зиндагӣ кунем» таҷлил хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *