Мирзиёев низ ифротгароёнро аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум мекунад

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ҳамватаноне, ки ба гурӯҳ ва равияҳои ифротии динӣ мепайванданд, аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд. Ин мавзӯъро ӯ рӯзи 3 июн дар ҷаласаи ҳукумати ноҳияи Андиҷон ба миён гузошт.
«Барои намуна, агар аз як маҳалла 20-30 нафар раҳгум зада бошанд, панҷ нафар аз 20 тан ба бадтарин роҳ рафтаанд ва барнахоҳанд гашт. Бо онҳо сару кор доштан бефоида аст, онҳоро бояд аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум кард. Даркор нестанд. Ман омодаам, онҳоро аз ин ҳақ маҳрум кунам,» — гуфт ӯ.

Мирзиёев дар паёмаш аз имомҳо ва намояндагони ҳукумат даъват кард, феҳристи «тундравони сарсахт» — ро омода ва пешниҳод кунанд. Вай афзуд, бояд раҳгумзадагонро фаҳмонд ва ба ифоқа овард, вале на онҳоеро, ки ба намояндагони «сарсахт»-и чунин гурӯҳҳо табдил ёфтаанд.

Бино ба хабарҳо, садҳо нафар аз шаҳрвандони Ӯзбекистон дар сафи гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон меҷанганд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *