Мирзо Турсунзода дар Симиганҷ

Устод Мирзо Турсунзода бо мошини хизматиашон аз маркази ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) гузашта истода, ба шоири ҷавон, вале овозадор Муъмин Қаноат, ки дар нишастгоҳи ақиб, паҳлуи устод менишастанд, мегӯяд:

— Муъминшоҳ, ба ҷамоати Симиганҷ рафта, Нуъмонҷонро (шоир Нуъмон Розиқ дар назар аст) дида равем, чӣ мешавад?

Устод Муъмин Қаноат бепарвоёна ҷавоб медиҳанд:

— Устод, ба рафтан ку меравем, аммо аз зиёфат умедатонро канед. Кӣ медонад, ки дар хонааш ягон чиз ҳаст ё нест?

Устод Мирзо Турсунзода, ки аз меҳмоннавозии Нуъмон Розиқ воқиф буданд, табассумкунон ба Сайфуллои ронанда роҳи хонаи шоирро нишон медиҳанд.

Дастархони соҳибхонаро дида, устод Муъмин Қаноат дар ҳайрат меафтанд, ки ӯ ин қадар анвои хӯрданиро дар як дам чӣ тавр муҳайё намудааст? Ваҷоҳати ӯро устод Мирзо Турсунзода дида, суҳбаташонро бо устод Муъмин Қаноат ба Нуъмон Розиқ нақл мекунанд.

Нуъмон Розиқ бо табассум ба устод Муъмин Қаноат нигариста, бадоҳатан мегӯянд:

Хонаи Нуъмон, ки беқаймоқ нест,

Мисли Муъмини Қаноат қоқ нест.

Дасти ӯ маҳкам, дараш бикшодааст,

Сахтии ӯ сахтии қайроқ нест.

Ҳотами ҲОМИД

P.S Дар қатори якум аз рост ба чап: устодон Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода, Файз Аҳмади Файз, Мирсаид Миршакар. Қатори дуюм: Нуъмон Розиқ, Муъмин Қаноат ва С. Саидов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *