Мирзоевро ҳабс карданд. Чаро?
Мирзоев Саидасрор Давлатович, роҳбари ҷамъияти тоҷикони Самара ва узви Шурои ҷамъиятии сафорати Тоҷикистон дар Русия, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Толятӣ қарор дорад. Тақдири ояндаи роҳбари ҷамъияти “Пайванд” норӯшан боқӣ мемонад.
Манбаъи боэътимод хабар дод, ки ҳанӯз 23-юми декабри соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Самара шаҳрвандии русии Саидасрор Мирзоевро, ки байни мардум бо тахаллуси “Ганс” номдор шудааст, бекор намуда, номбурдаро ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Толятӣ равон намудааст. То кунун маълум нест, ки роҳбари ҷамъияти тоҷикони Самара бо кадом ҷурм ва бар асоси кадом банди қонун боздошт шудааст. Манбаъи “Таджинфо” танҳо гуфт, ки ҳукми иҷборан ихроҷ намудани Мирзоевро додгоҳ баровардааст ва ҳимоятгари ӯ ба ин қарор эътироз кардааст.
Саидасрор Мирзоев яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Самараро идора мекард. Мардуми шаҳри Самара роҳбари ҷамъияти “Пайванд”-ро ҳамчун шахси бонуфуз мешинохт.
Кӯшишҳои мо баҳри дарёфти шарҳи сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Маскаву Уфа дар бораи боздошти Саидасрор Мирзоев бенатиҷа анҷомид. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав тариқи телефон изҳор намуд, ки аз ин қазия хабаре надорад.
Боздошту ҳабс, ва ё ихроҷи раҳбарони ҷамъияти тоҷикон дар шаҳрҳои Русия бори аввал нест. Ёдовар мешавем, ки раҳбари Ҷумбиши муҳоҷирон Каромат Шарипов низ бо ин роҳ ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд. Роҳбари ҷамъияти тоҷикони Владимир то ҳол дар маҳбас аст. Як узви дигари Шурои ҷамъиятии Сафорати Тоҷикистон Сайфиддин Одинаев, ки раҳбари чамъияти тоҷикони Перм буд, ҳанӯз соли 2013 ба кунҷи маҳбас рафту Сафорати Тоҷикистон шарҳе надода буд.
Гумон ғолиб аст, ки намояндагони расмии Тоҷикистон дар Русия ин навбат низ шарҳе бигуянд, ногуфта аз садо баланд намуданашон баҳри дифоъи афроди наздики худ.
Қазияро пайгири хоҳем кард.
“Таджинфо”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ