Мирзораҳматов: Китоби Ҳикматулло Насриддинов фитнаангез аст
Саломиддин Мирзораҳматов публитсисти шинохта, ки бештар таърихи Тоҷикистони шӯравиро пайгирӣ мекунад, дар як матлаби худ китоби “Таркиш”-и Ҳикматулло Насриддинов, ходими давлативу сиёсиро мавриди интиқоди шадид қарор дода, онро “фитнаангез” унвон кардааст. “Таркиш” андешаву ақидаҳои Ҳикматулло Насриддиновро доир ба Тоҷикистони Шӯравӣ фаро мегирад. Мирзораҳматов бар он ақида аст, ки ин китоб саросар аз маҳалгароӣ, фитна ва бӯҳтон аст.
Дар зер матни мақолаи Саломиддин Мирзораҳматовро пешкаши шумо мегардонем.
“ТАРКИШ”-И ҲИКМАТУЛЛО НАСРИДДИНОВ Ё ДАВОМИ ҚИССАИ “САНГПУШТ ВА КАЖДУМ”
Чанд сол пеш китоби “Таркиш”-и Ҳикматулло Насриддинов (Душанбе, нашрияи «Афсона», соли 1995) ба дастам афтид. Китоби пур аз кинаву адоват ва хусумати шахсӣ нисбати роҳбарони Тоҷикистони шӯравӣ. Баъди мутолиаи китоб хостам чизе нависам. Баъдтар ба хулосае омадам, ки арзиш надорад. Хонандаи бо маърифат ҳеч вақт ҳарзагӯиҳои тӯҳматомез, хусуматомез ва таҳкиромези муаллифро чидди кабул намекунад.
Вале вақтҳои охир мебинам, ки афроди муайян баъди мутолиаи “Таркиш”-и Насриддинов таърихдон шудаанд. Мисли дигар «таърихдонҳои» кӯчаву бозору чойхонаву масҷидхо, ки теъдодашон дар Точикистон сол то сол меафзояд. “Таърихдонҳои” навин аз «Таркиш»-и Насриддинов иқтибосҳо меоранд ва тӯтиёна гуфтаҳои ӯро такрор мекунанд: “Роҳбарони Тоҷикистони Шӯравӣ яксара ма ҳалгаро, ришватхур, дузд, ғоратгар буданд! Танҳо маҳали худашонро обод карданд, кадрҳои ҷануби Тоҷикистонро (истилохи Насриддинов!) саркӯб мекарданд!”
Ана ҳамин падидаи нанговар маро маҷбур сохт, ки “Таркиш”-ро (Воқеан таркиш аст! Барои мутолиаи китоб асабҳои қавӣ доштан лозим!) бори дигар хонам.
Сараввал маълумоти мухтасар дар бораи муаллиф. Ҳикматулло Насриддинов арбоби давлатии Тоҷикистони шӯравӣ, зодаи ноҳияи Мӯъминободи водии Кӯлоб, дар хонаи бачагон (детдом) тарбия ёфта ба камол расидааст. Хатмкунандаи бахши гидромелиорацияи Академияи кишоварзии ба номи Тимирязеви шаҳри Маскав аст. Баъд аз хатми яке аз бо нуфузтарин донишгохи Иттиҳоди Шӯравӣ дар зарфи ҳашт сол (1966-1974) сардори ПМК, сардори сарраёсати сохтмони Вазорати кишоварзӣ, мудири шӯъбаи хочагии об ва сохтмони деҳоти Шӯрои Вазирони ҷумхурӣ шуда кор кардааст. Аз соли 1974 то соли 1980 яке аз вазифаҳои калидиро дар сохтори ҳизбӣ – мудири шӯъбаи кишоварзии Комитети Марказии ҳизби коммунистро ба ӯҳда дошт. Солҳои 1980-83 вазири хоҷагии оби ҷумҳурӣ буд.
Солҳои 1983-86 узви бюро ва котиби Комитети Марказӣ – куратори комплекси агросаноатӣ. Аз соли 1986 то соли 1990 дубора вазири хочагии об.
Моҳи апрели соли 1990 дар сессияи Шӯрои олӣ Х. Насриддинов раиси кумитаи агросаноатии Шӯрои Олӣ интихоб шуд.
Чи тавре ки мебинем, Насриддинов дар давоми се сол ҳамчун Котиби КМ узви Раҳбарияти олии Тоҷикистони шӯравӣ низ буд.
Ман аз ин китоб иқтибосҳои зиёд меоварам. Ва барои дуруст дарк кардани маънии иқтибосҳо луғати вожаву ибораҳои Насриддиновро тартиб додам.
—шимолӣ – тоҷике, ки дар шимоли Тоҷикистон, яъне аз ағбаи Анзоб он тараф ба дунё омадааст;
— кӯҳистонӣ – тоҷики минтақаи кӯҳистони ҷануби Тоҷикистон (бо кӯҳистони шимоли Тоҷикистон омехта накунед!);
—ҷанубӣ – синоними вожаи кӯҳистонӣ (Мутаассифона муайян карда натавонистам, ки мафҳуми “ҷанубӣ” аз нигохи муаллиф ба тоҷики водии Ҳисор дахл дорад ё не);
— вазифаи равғанин – вазифаи роҳбарикунандаи даврони шӯравӣ, ки ба мансабдор имкон медод ба ғайр аз маош аз ин тарафу он тараф пул ҷамъ кунад;
— вазифаи сердаромад – синоними ибораи вазифаи равғанин;
— мазори бешафоат – шахсе ки аз ӯ ҳеч кас некӣ надидааст (Ин ибора бештар дар ҷануби Тоҷикистон маъмул аст.)
I
Азбаски иктибосхо зиеданд, ман китобро шартан ба чанд боб таксим намудам.
Боби аввал. “Шимолиҳо” ва “Шимолизатсия” шудани Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ.
«Наход дар тӯли 70 сол (Насриддинов мисли дигар «таърихдонҳо»-и кӯчагӣ ба ин бовар аст, ки «шимолиҳо» дар Тоҷикистони Шӯравӣ 70 сол ҳукмронӣ кардаанд!) аз ҳисоби кадрҳои кӯҳистони тоҷик шахсе ёфт нашуд, ки дар шаҳру навоҳхии шимоли Тоҷикистон роҳбари он тараф истад, вазифаи хурде дошта бошанд? Чаро дар он давраҳо тамоми роҳбарони хурду бузурги саросари Тоҷикистон фақат аз ҳисоби кадрҳои шимоли мамлакат таъин мешуданд? Чаро он вақт роҳбарони Тоҷикистон намеандешиданд, ки мамлакат “шимолизация” шудааст? Чаро онҳо ба Ватан-Модари худ чунин хиёнати сиёсиро ( хиёнат сиёсӣ ҳам мешудааст – С.М.) раво медиданд?» (Сах. 10-11)
Ба ин суолҳояш худи муаллиф посух медиҳад:
« Маълум мегардад, ки мақсади онҳо на обод кардани Тоҷикистон, балки аз дуздӣ, ришвахурӣ, ҷангандозӣ (?!), бӯҳтонзанӣ (?!) иборат будаасту халос.» (Сах.11).
Баъди хондани ин сатрҳо бадеҳатан чанд нафар аз “кадрҳои кӯҳистони тоҷик», ки дар даврони шӯравӣ дар шимоли Тоҷикистон кору фаъолият мекарданд, ба ёдам омад. Раҳматулло Аҳмадов, зодаи деҳаи Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб аз соли 1959 то соли 1963 котиби якуми райкоми ноҳияи Конибодом буд. Дар ҳамин ҷо ин “ҷанубӣ”- и бегонаро “шимолиҳо” депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб намуданд. Конибодом барои Р.Аҳмадов трамплин шуду ӯро ба Душанбе овард. Як муддат мудири шуъбаи Шӯрои Олӣ, муовини аввали вазири фарҳанг шуда кор кард. Баъд раиси Шӯрои Вазирон Абдулаҳад Каҳҳорови “шимолӣ” (зодаи Конибодом) ба Аҳмадови “кӯҳистонӣ” вазифаи “равғанин” — сардори сарраёсати корҳои Шӯрои Вазиронро супурд.
Ғоибназар Паллаеви бадахшонӣ солҳои зиёд котиби якуми райкоми ноҳияи Ашт буд. Ва обрӯи бузургро дар ин нохия соҳиб гашт. Мактаби Ашт буд, ки ӯро баъд котиби якуми райкоми Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) – калонтарин ноҳияи ҷумҳурӣ, раиси Госкомсельхозтехника (вазифаи аз нигоҳи Насриддинов “равғанин”!), котиби якуми обкоми вилояти Қӯрғонтеппа ва ниҳоят Раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб карданд.
Иззатулло Ҳалимов (зодаи ноҳияи Нуробод) низ дар Ашт ба ҳайси котиби якуми райком мактаби идоракуниро гузашт. Номи некаш имрӯз ҳам дар Ашт вирди забонҳост. Соли 1988 И.Ҳалимов котиби якуми обкоми вилояти Хатлон интихоб шуд.
Агар ҳамаи “ҷанубиҳоро”, ки дар шимолу ҷануби Точикистон ба ҳайси роҳбари ноҳия, шаҳр (аз ҷумла пойтахти ҷумхурӣ), вилоят, вазорату идораҳо кору фаъолият кардаанд, номбар кунам шояд як китоб шавад.
“Зимнан ин маҳалгароиҳо (?!) аз солхои сиюм оғоз ёфтаанд. Дар натиҷа беҳтарин фарзандони миллат – шуаро, уламо, аҳли дин ( уламо аҳли дин нест? – С.М.) иқтисоддонҳои сокини ҷануби Тоҷикистон, ки каму беш вазъи ҳолро фаҳмида эътироз мекарданд, бо ҳар баҳона ( аз тарафи “шимолиҳо” албатта! – С.М.) аз озодӣ маҳрум, қисми зиёди онҳо қатл карда мешуданд.”(Сах 11)
Яъне, солҳои сиюм НКВД-и Тоҷикистон аз ноҳия сар карда то марказ ҳама аз “шимолиҳо” иборат будааст! Ҳамин “шимолиҳо” ҳамон солҳои фоҷиабор мардуми ҷанубро геноцид кардаанд! Ҳамин “шимолиҳо” Чинор Имомов, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемурро ба қатл расонда ҳамсафҳояшонро ба Сибир бадарға кардаанд! Онҳо ҳатто ба ҳамшаҳриҳои худашон – ҳамон давр раисони Шӯрои Вазирони Тоҷикистон Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Абдулло Раҳимбоеви “шимолӣ” раҳм накарда бераҳмона онҳоро куштаанд!
“Дар натиҷа роҳбарони омад аз маҳалҳои ба қавли онҳо “бегона” ҳарчӣ меёфтанд ба ғорат мебурданд. (Яъне, ба шимол, ба зодгоҳашон – С.М.)» (Сах. 11)
Ба маълумоти ҷаноби Насриддинов мерасонам, ки аз соли 1924 то соли 1938 роҳбарии Тоҷикистони шӯравиро се “кӯҳистонӣ” (нигаред ба луғати Насриддинов!) ба ӯҳда доштанд – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Мунаввар Шогадоев. Соли 1938 фиристодаи Маскав Дмитрий Протопопов роҳбари ҷумҳурӣ – котиби якуми Кумитаи Марказии ҳизби коммунист интихоб шуд. Ин марди рус як зумра кадрҳои тоҷикро ба майдони сиёсат овард, ки дар байни онҳо на танҳо “шимолиҳо” Бобочон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Абдулаҳад Каҳҳоров, балки “кухистониҳо” Назаршо Додхудоев, Тоҷиддин Исоев, Шариф Манзаров, Маҳмадалӣ Қурбонов низ буданд. Мунаввар Шогадоев бошад 13 соли дигар раиси Президиуми Шӯрои Олӣ шуда кор кард.
Моҳи апрели соли 1946 Ҷаббор Расулов раиси Шӯрои Вазирон таъин шуд. Моҳи июни ҳамон сол бо тавсияи худи Протопопов ба ҷояш Бобоҷон Ғафуров котиби якуми Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб гардид.
Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991 барҳам хурд. 1991 – 1946 = 45 сол. “Шимолиҳо” 70 сол не, 45 сол роҳбарии Тоҷикистонро ба ӯхда доштанд!
Дар даврони истиқлолият президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба се нафар роҳбарони ҳамон давр Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемури “кӯҳистонӣ” ва Бобочон Ғафурови “шимолӣ” унвони Каҳрамони Тоҷикистонро дод.
«Ё ба мисли Ӯлҷабоевхо (?!), ки корашон айшу ишрат, ҷӯрабозӣ, сарватҷамъкунӣ ва ғайра буд» (Сах.11).
Тамоми зиндагиномаи Турсун Ӯлҷабоев аз каҳрамонӣ иборат буд! Дар бораи ин қаҳрамони беунвон арбоби маъруфи давлати Тоҷикистон шодравон Султон Мирзошоеви “ҷанубӣ” (зодаи Данғара) дар китоби ёддоштҳояш хеле муфассал навиштааст. Ин китобро метавон беҳтарин намунаи таърихнигории даврони шӯравӣ унвон кард.
“Давраи роҳбарии Турсун Ӯлҷабоев, ки мактаби зиндагиро бо ҳама талхиву шириниаш паси сар кардааст, шоёни таҳсину таҳният аст.Танҳо ҳаминро ёдовар мешавам, ки толеи баланди мардуми Тоҷикистон будааст, ки баъди Бобочон Ғафуров худованд ба сари мо чунин роҳбар, марди бузург, бо нангу номус, дӯсту ватанпарварро лоиқ донистааст.» (Султон Мирзошоев, Дар пайванди ду аср, Душанбе, соли 2009, сах. 279)
Соли 1997 президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои Ӯлҷабоеви “айшу ишратпараст ва ҷӯрабоз”-ро дар рушди ҷумхурӣ ба назар гирифта ГЭС-и Норакро ба номаш монд ва нимпайкараашро дар ноҳияи Спитамен гузошт.
Боби дуюм. Ҷаббор Расулови “маҳалгаро”
Моҳи январи соли 1974 Ҳикматулло Нариддинови 34- сола мудири шӯъбаи кишоварзии Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон таъин мегардад. Ба гуфти худаш ӯро Ҷаббор Расулов ҳанӯз соли 1969 таги чашм карда будааст.
Насриддинов: “ — Ту то имрӯз якто-нимто хешу табор доштӣ, — гуфт ҷиддан Ҷаббор Расулов. – Акнун ҳазор нафар хеши нав пайдо мекунӣ…Ҷаббор Расулов боз таъкид кард, ки аз ҳисоби ҳамшаҳриёнам касеро ба кор нагирам. Ин амали нохуб аст.
Ман аз хати кашидаи Ҷаббор Расулов берун намебаромадам. Аммо медидам, ки худи Ҷаббор Расулов ва дигар мансабдоронаш ба ин гуфтаҳо риоя намекарданд…
Ҳар қадар ки метавонистанд, кадрҳои зодаи шимолро дар саросари кӯҳистон вазифаҳои калону сердаромад медоданд.” (Сах.24)
Шарҳи ин иқтибосро ба хонандаҳо ҳавола карда боз ба шодравон Султон Мирзошоев муроҷиат мекунам. Як боби ҳамон китобашро бо номи «Роҳбар, Устод» ӯ ба Ҷаббор Расулов бахшидааст:
“Дар вуҷуди Ҷаббор Расулов рисолати баланди ориёӣ, машриқзамини бо маданияти баланди шиштухези аврупоӣ омехта шуда буд. Ҳамзамон барояш инсони пок будан ва хамеша манфиати халқу ҳизбро муқаддас донистан қонуни ҳаёт буд.» ( Султон Мирзошоев, Дар пайванди ду аср, Душанбе, соли 2009, саҳ. 285)
“Баъди чанд рӯз (2 апрели соли 1982 – С.М.) бо эшон дар анҷумани ҷавонони ҷумҳурӣ вохурдем. Баъди нутқи барномавиашон танаффус эълон шуд ва дар ҳуҷрачаи раёсат хамсуҳбат шудем… Эшон ба курсӣ нишаста сигор кашиданд ва баъди ба охир расидани танаффус рафтанд. Ин охирин дидорбини бо устод, раҳбар, рафиқ ва сарвари ҷумҳурии Тоҷикистон буд” (Ҳамон китоб, саҳ.288)
Боби сеюм. Раҳмон Набиеви “маккор”
“Он солҳо дар замири Раҳмон Набиев хислатҳои инсоннописандӣ, маҳалгароӣ, фитнангезӣ набуд. Дар атрофи худ бештар кадрҳои кӯҳистониро гирд меовард.
Аммо баъдтар фаҳмидем, ки бо ҳамин роҳ ҳар гоҳе, ки мардуми ин ё он маҳали ҷанубӣ эътироз мекард, бо дастони кадрҳои рохбари он (?!) ба тезӣ хомӯш карда мешуд» (Саҳ. 22)
Ин Набиеви маккорро бинед! Ба “ҷанубиҳо”, аз ҷумла ба Ҳ.Насриддинов вазифаҳои баланд дода, онҳоро барои хомӯш кардани эътирози мардуми ҷануб истифода мебурдааст!
Ман аз ҷаноби Насриддинов мехоҳам пурсам: ҳамчун корманди Шӯрои Вазирон, вазир, котиби КМ ва боз вазир бо супориши роҳбарони “маҳалгарои шимолӣ” чанд маротиба эътирози мардуми ҷанубро хомӯш карда бошад?
Боби чорум. Иззатулло Ҳаёев –“Мазори бешафоат”
“Иззатулло Ҳаёев зодаи диёри Кӯлоб аст, вале барои мардуми худ хизмати шоистае накард. Бисёре аз ҳмшаҳриёнаш дар ғайбаш ӯро “мазори бешафоат” ном мебурданд. Дар куҷое, дар кадом мансабе кор кард, ҳаргиз роҳ намедод, ки ягон нафар аз ҳамшаҳриёнаш дар аппарати ӯ кор кунанд.”
Аҳсан, ҷаноби Насриддинов! Ҳаёевро сиёҳ мекунам гуфта аз хислатҳои неки ӯ ёдовар шудед! Ман Ҳаёевро хубтар шинохтам! Ӯ мисли шумо ба маризии нанговари маҳалгароӣ гирифтор набудааст!
Маънии иқтибоси зерро агар худи муаллиф шарҳ надиҳад фаҳмидани он имкон надорад:
“Мақсади дигаре ба мақоми сарвазирӣ таъин шудани Иззатулло Ҳаёев дар он буд, ки мардуми Ғарму Помир ва дигар шаҳру навоҳии кӯҳистон ба муқобили маҳалгароёни тамоми вазифаҳои хурду бузурги ҷумҳуриро ишғолкарда ба тадриҷ бармехест. Мафияи (?!) Маҳкамов инро хуб фаҳмида буд. Аз дигар ҷиҳат И.Ҳаёев мебоист чун намояндаи Хатлонзамин воситае мегашт барои таркиши қӯрхонаи борути ҷануб(?!)” (Сах. 52)
Соли 1986 Иззатулло Ҳаёев бо тавсияи “Сардори нави мафияи шимол” Қаҳҳор Маҳкамов раиси Шӯрои Вазирон таъин шуд. То ба ин мақом расидан И.Ҳаёев ба тадриҷ ҳамаи зинаҳои идоракуниро гузашта буд.
Соли 1970 баъд аз хатми мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС – котиби якуми райкоми ноҳияи Қалъаи Хумб интихоб шуд. Соли 1973-78 раиси кумитаи иҷроияи вилояти Бадахшон. Соли 1978-83 – вазири саноати гӯшту шир.
Бубинед! “Роҳбарони маҳалгарои шимолӣ” ба Ҳаёеви “ҷанубӣ” на факат мансаби “равғанин”, балки “гӯштӣ”-ву “ширӣ”-ро низ муносиб донистаанд!
Соли 1983-86 котиби якуми обкоми вилояти Кӯлоб.
Хангоми сарвазир таъин шуданаш И.Ҳаёев дар саросари ҷумҳурӣ обрӯву эътибори калонро соҳиб гашта буд.
Солҳои фоҷиабори 90-ум дар паҳлӯи президент буд ва роҳбарии дастгоҳи ӯро ба ӯхда дошт.
Ин аст мухтасари зиндагиномаи ин марди бузург. “Таърихнигор” Х.Насриддинов арбоби маъруфи давлати Тоҷикистонро бешармона таҳқир кардааст!
Боби панҷум. Ғоибназар Паллаеви “маишатпараст”
Кас дар ҳайрат мемонад, ки Ҳ.Насриддинов – пуштибони “пуштибони кӯҳистониҳо” Ғоибназар Паллаеви “кӯҳистонӣ”-ро низ зери тӯҳмату таҳқир қарор додааст.
“Хусусан, котиби аввали кумитаи вилоятии ҳизби коммунист (Вилояти Қӯрғонтеппа – С.М.) Ғоибназар Паллаев, муовини раиси комиҷроияи вилоят Сабоҳат Раҷабова ва котиби кумитаи вилоятии ҳизби коммунист Роза Раҳматуллоева (Розия Аҳмадова – С.М.) дар айни долу зарби корҳои саҳроӣ ба маишат дода шуда, корҳои кишоварзию фарҳангу ҳунарро (?!) ба ҳоли худ гузоштанд.” (Сах 25)
Гӯё ки аз коргурезии Паллаев Ҷаббор Расулов хабардор шуда пинҳонӣ (инкогнито!) ба Қӯрғонтеппа меояд ва Паллаевро дар як ҳавли ҳангоми маишат дастгир мекунад.
Ман маҷбурам, ки ҳамчун яке аз ҳазорҳо шахси огоҳ аз давраи роҳбарии Паллаев дар водии Вахш ин ҳарзагӯиҳои Насриддиновро рад кунам. Зеро “таърихдонҳо”-и навин ба ин ҳарзагӯиҳои “устодашон” бовар мекунанд.
Бо фарорасии мавсими ғунучини ҳосили пахта рӯзи кории Паллаев соати шаши субҳ шурӯъ мешуд. Аз соати шаш то ҳафти субҳ дар хонааш тавассути телефон аз роҳбарони ҳизбии ноҳияҳо ҳисобот мегирифт. Баъд аз соати ҳафт ба Ҷаббор Расулов ҳисобот медод. Расулов Паллаевро маҳз барои серкору серталаб, ташкилотчии хуб буданаш дӯст медошт. Барои айшу ишрат Паллаев вақт надошт. Ӯ маризии қанд дошт ва хӯрокаш пархезӣ буд.
Ҳафт соли Паллаев (1977-1984) давраи бо суръати тараққиёт дар водии Вахш буд. Дар ин давра се ноҳияи нав – Қабодиён, Ҷиликӯл, Илич (ҳоло Хуросон)ташкил шуд. Ҳазорҳо гектар замини ташналаб обёрӣ шуданду дар ин заминҳо даҳҳо шаҳраку дехоти нав бунёд ёфтанд. Маркази вилоят – шаҳи Қӯрғонтеппа симои худро ба куллӣ дигар кард. Микрорайонҳои нави замонавӣ бо мактаб, кӯдакистонҳо, мағозаҳо, корхонаҳои хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд…
Вилояти Қӯрғонтеппа солона 300000 тонна пахтаи маҳиннах (абрешимӣ) истеҳсол мекард. Ҳаҷми исеҳсоли лимӯи тоҷик ба 1200 тонна расид! Водии Вахш аз Гурҷистон зиёдтар лимӯ истеҳсол мекард!
Боби шашум. “Мафияи Қаҳҳор Маҳкамов”
Ҳ. Насриддинов дар китоби фитнаангезаш кинаву адоваташро пинҳон надошта изҳор кардааст, ки соли 1986 Маҳкамов ӯро аз вазифаи котиби Кумитаи Марказии ҳизби коммунист барканор карда ба ҷояш Ваҳҳоб Воҳидови “шимолӣ”-ро таъин кард. Хонанда гумон мекунад, ки Насриддинов аз ҳамон сол дигар бекор монд. Вале ҳақиқат ин аст — Маҳкамов дубора Насриддиновро вазири хоҷагии об таъин кард! Бюджети солонаи вазорат ҳамон солҳо 300 миллион рубл — мутобиқ ба 300 миллион доллари Амрикоӣ буд! Аз вазифаи баланди ҳизбӣ барканор шуда вазифаи”равағанӣ”-ро соҳиб шуд! Панҷ соли дигар роҳбарии вазоратро ба ӯҳда дошт! Соли 1990 депутат Ҳ.Насриддинов бо тавсияи раиси Шӯрои Олӣ Қаҳҳор Маҳкамов раиси кумитаи Шӯрои Олӣ оид ба кишоварзӣ интихоб шуд!
“Ба сари қудрат омадани Қаҳҳор Маҳкамов ба офате шабоҳат дошт, ки бӯстонро ба чӯлистон табдил медод” (Саҳ.29)
“Роҳбари давлат Қаҳҳор Маҳкамов худ бо дасти худ (?!) давлатро пора- пора кард ва ҳамчун пешвои маҳалгаро дар ҷумҳурӣ асос гузошт.” (Саҳ.38)
“Ӯ ( яъне Қаҳҳор Маҳкамов – С.М.) якта-нимта намояндагони маҳалҳоро мансаб дода, кадрҳои ҳамин маҳалҳоро бо дасти онҳо маҳв мекард.” (Саҳ.59)
Ин Маҳкамов ҳам мисли Раҳмон Набиеви “маккор” будааст ку!
“Дар давраи президентиаш Қаҳҳор Маҳкамов мамлакатро ба вартаи ҳалокат овард. Худ медонист, имрӯз ё фардо мардум ӯро аз сари қудрат дур мекунад. Зимнан, дар ҳама ҷо кадрҳои худро новобаста ба лаёқаташон ба вазифаҳои равғанин ( ба луғати Насриддинов нигаред –С.М.) таъин ва барои ояндаи серу пури худ замина тайёр мекард” (Саҳ.135)
Танҳо иқтибоси охирро шарҳ медиҳам. Баҳори соли 2012 вақте ки ҳамрохи дӯсти ҷавонам журналист Далер Ғуфронов вориди хонаи Қаҳҳор Махкамов шудем, гилемҳои обшуста, мизу курсии солҳои 70-умро дида дар ҳайрат мондем! Маҳкамов боигарии ғораткардаашро куҷо бурда бошад?
Агар аввали солҳои 90-ум сарвари давлат Эмомалӣ Рахмон ба Маҳкамов нафақаи муносиб таъин намекард, солҳои охири умрашро ӯ ба қашшоқӣ мегузаронд.
Бист сол Маҳкамовро сиёҳ карданд! Бист сол каҳрамонҳои майдонҳо ба ӯ тӯҳмат мезаданд, таҳқир мекарданд, нафрати беандозаи худро нисбати аввалин президенти Тоҷикистон ба намоиш мегузоштанд!
Лекин Ҳикматулло Насриддинов дар сиёҳ кардани Маҳкамов ҳамаи онҳоро ба як нул зад!
Боби ҳафтум. Ҷанги шаҳрвандӣ-барномаи “мафия”-и Қаҳҳор Маҳкамов
“Як муддат якҷоя кардани вилоятҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб низ як навъ машқи сиёсӣ буд, ки мафия (?!) онро аз санҷиш гузаронд. Тамоми кадрҳои вилояти Кӯлобро дар беҳтарин вазифаҳои масъули вилояти навбунёди Хатлон таъин карданд. Ҳисси нафратро нисбат ба кӯлобиҳо дар бунёди мардуми Ғарму Помири сокини Вахшонзамин бедор кунонданд.” (Саҳ.52-53)
Дуруғи ахмақона, аблаҳона ва фитнаангез! Соли 1988 баъди ташкил шудани вилояти Хатлон тақсимоти вазифаҳо бо назардошти ҳамаи маҳали Тоҷикистон ва қавмҳои ғайритоҷики ҳарду водӣ сурат гирифта буд. Котиби якуми обкоми вилоят Иззатулло Ҳалимов – “кӯҳистонӣ” (зодаи ноҳияи Нуробод), котиби дуюм Н.Николаев — рус, котиби сохтмон ва саноат Саъдулло Хайруллоев – аз Рашт, котиби идеология Шарофат Усмонова аз водии Зарафшон, котиби соҳаи кишоварзӣ Мӯсо Баротов аз Истаравшан.
Раиси кумитаи иҷроияи вилоят Акбар Мирзоев ва як муовинаш Қиммат Рустамова аз Кӯлоб, дигар муовинҳояш Юрий Поселянови рус, Усмонқул Шокиров аз водии Зарафшон, Исмат Эшмирзоев аз қавми лақай.
Вазифаҳои “равғанин”-и раиси Госснаби вилоят ва раиси Точикматлуботи вилоят насиби Собирҷон Бегиҷонови ҳойитӣ ва Азаматшоҳ Худоиевии дарвозӣ гардид.
Лекин Ҳ. Насриддинов шоҳиди бевоситаи ин дигаргуниҳо хонандаро бовар кунонданӣ мешавад, ки ҳанӯз соли 1988 дар натиҷаи сиёсати “мафия”-и Маҳкамов ғармиҳо ва бадахшониҳо кӯлобиҳоро бад диданд. Ва ана ҳамин бадбинӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд…
II
Ҳанӯз ҳангоми мутолиаи китоби Насриддинов қиссаи классикии “Сангпушт ва Каждум”-ро, ки имрӯз ба мақол табдил ёфтааст, ба ёд оварда будам.
Санпушт дар соҳили дарё бо каждум вохӯрда аз ӯ мепурсад: “Ту ин ҷо чи кор мекунӣ?” “Мехохам ба он тарафи дарё гузарам, лекин метарсам, ғарқ нашавам!” — мегӯяд дар ҷавоб каждум. “Ба пушти ман савор шав, ман туро ба соҳили дигар мерасонам” — мегӯяд санпушт. Вақти шиноварӣ санпушт дар пушташ зарбаҳои пай дар пай эҳсос карда аз каждум мепурсад: “Ту чи кор мекунӣ дар пушти ман?” “Ман аз одати мурдорам даст кашида наметавонам, бояд туро неш занам!” — мегӯяд дар ҷавоб каждум.
Санпушт худро ба дарё ғарқ месозад ва ҷараёни об каждумро бо худ мебарад.
Неши ақраб на аз рӯи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст!
Мутаасифона номи муаллифи ин байт дар ёдам намондааст.
“Таркиш” давоми қиссаи “Санпушт ва Каждум” аст. Насриддинов як ҷавони ба қавли худаш кӯҳистониро тарбия карда ба пояҳои баланди раҳбарияти давлативу ҳизбӣ расонданд, бешармона тӯҳмат задааст, таҳқир кардааст, дашном додааст (“Маҳалгароёни наҳангтабиат”, Саҳ.12)
Охирсухан
Китоби фитнаангези Ҳ.Насриддинов соли 1995 дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ бо тиражи 15000 нусха (ҳатто асарҳои Айнӣ бо ин теъдод чоп намешуд!) ба табъ расидааст.
Ин даврае буд, душмании байни маҳал, ки оташи он соли 1992 дар майдонҳои Душанбе барангехта шуд, аз байн нарафта буд.
Ин даврае буд, ки дар ҳамаи маҳалҳои Тоҷикистон модарони писаргумкарда хун мегиристанд.
Ин даврае буд, ки хонаҳои оташзада холӣ буданду соҳибонашон ё дар дигар маҳал ва ё дар сарзамини Афғонистон аз сардӣ, гуруснагӣ, маризӣ азият мекашиданд.
Ин даврае буд, ки боқӣ мондани Тоҷикисттон дар харитаи ҷахон зери суол буд.
Ана дар ҳамин гуна вазъият президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонашро зери хатар гузошта ду маротиба ба Афғонистони ҷангзада сафар кард.
“Тоҷикистон якпорча аст! Ҳамаи мо як миллатем! Душманони хориҷӣ аз содагӣ, зудбоварии мо истифода бурда байни мо иғво ангехтанд! Бо ҳам биёем! Бас аст душманӣ! Бубахшем якдигарро!»
Ин буд мазмуни ҳамаи нутқу изҳорот, мулоқотҳо, мусоҳибаҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамон солҳо.
Ана дар ҳамин давраи фоҷиабор китоби фитнаангези Ҳикматулло Насриддинов гӯё равғане буд барои рехтан ба оташи хомӯшнашуда.
Худоро шукр, ки мардум он вақт дар ғами як пора нон буду касе ба ҳарзагӯиҳои кинаомези Насриддинов ахамият надод. Албатта бо истинои чанд дӯсту шиносу ношиноси муаллиф, ки ин асари “безавол”-ро хонда “таърихдон” шудаанд.
P.S.Муаллиф аз авлоди тоҷикони “кӯҳистон”-и ҷануби Тоҷикистон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ