Мирзосаид Султонов: Ба донишҷӯёни тоҷик дар Ҷопон ҳамеша кумак мекунам
Мирзосаид Султонов аввалин тоҷикест, ки дар Ҷопон соҳиби унвони профессорӣ шудааст. Ин донишманди тоҷик дар синни 35-солагӣ рисолаи доктории худро дар Донишгоҳи Кобеи Ҷопон ҳимоя карда, ҳоло дар бахши иқтисоди байналмилалӣ дар яке аз муасисаҳои бонуфузи ин кишвар ба донишҷӯён дарс мегӯяд.
— Қаблан шумо дар Академияи улуми Тоҷикистон кор мекардед. Чӣ зарурат пеш омад, ки барои фаъолият маҳз Ҷопонро интихоб кардед?
— Умуман, ба Ҷопон омадану дар чанд донишгоҳ фаъолият кардан ва ниҳоят ба Донишгоҳи Тойо гузаштан иртибот ба таҷрибаву корҳои илмӣ — тадқиқотӣ мегиранд. Зеро соли 2001 бо ихтисоси иқтисодчии донандаи забони англисӣ Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (дар гузашта Донишкадаи соҳибкории Тоҷикистон)-ро хатм кардам. Пас аз он дар бахши молия пажӯҳиши худро дар Академияи миллии илмҳо то соли 2008 идома додам. Баъдан, ба Ҷопон омадам. Дар Донишгоҳи Кобе оид ба иқтисодиёти байналмилалӣ тадқиқот анҷом додам. Дар робита ба иқтисодиёт ва молияи байналмилалӣ ҳам барои донишҷӯён ва ҳам аспирантон дарс гуфтаам. Ин замина барои идомаи тадқиқотҳои илмӣ гузошт. Баъдан, дар донишгоҳҳои мухталифи музофотӣ кор карда, билохира ба Токиё омадам ва дар Донишгоҳи Тойо ба кор пардохтам.
— Ин донишгоҳ миёни дигар муассисаҳои олии Ҷопон чӣ мавқеъ дорад?
-Донишгоҳи Тойо яке аз калонтарин донишгоҳҳои Ҷопон аст. Таърихи зиёда аз 100-сола дорад. Дар донишгоҳ беш аз 30 000 донишҷӯ таҳсил мекунанд. Ҳарчанд ин донишгоҳ давлатӣ нест, аммо таърихи тӯлонӣ ва базаи пурқуввати илмию таълимӣ дорад. Бахши байналмалмилалӣ, ки ҳоло дар он фаъолият дорам, як бахши муҳиму замонавии донишгоҳ маҳсуб меёбад. Дар инҷо донишҷӯён равандҳои ҷаҳонишавӣ, бизнеси байналмилалӣ, молияи байналмилалиро меомӯзанд. Яъне, дар донишгоҳ ба тарбияи кадрҳои дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ рақобатпазир ва ихтисосҳои муосир диққати махсус дода мешавад.
— Дар донишгоҳе, ки шумо фаъолият мекунед, аз Тоҷикистон низ таҳсил мекунанд?
— Мутаассифона, то ҳол аз Тоҷикистон нестанд. Аммо аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла Русия, Ӯзбекистон донишҷӯёни зиёд таҳсил мекунанд. Умедвор ҳастем, ки бо бастани шартномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии Тоҷикистон донишҷӯёни тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки дар донишгоҳҳои Ҷопон таҳсил намоянд. Махсусан, дар бахши муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ, ки фаъолият дорам, талабот хеле зиёд аст. Ҳоло гуфтушунид дар масъалаи ҳамкорӣ идома дорад ва солҳои наздик он ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Ба ин нигоҳ накарда, ба донишҷӯёни тоҷик ҳамеша барои таҳсилу тарзи дурусти супоридани ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои олии Ҷопон кумаку роҳнамоӣ менамоям.
— Умуман, донишҷӯи ҷопонӣ ё дигар кишварҳои хориҷиро чӣ водор мекунад, ки вориди аудитория шавад ва дарс хонад?
— Аслан, дар кишварҳои тараққикарда сатҳи дониши донишҷӯён беҳтар аст. Онҳо бештар вақти худро ба таҳсил мегузаронанд. Ҳамчунин, дар кишварҳои тараққикарда, ба мисли Ҷопон сифати кору хизматрасонӣ беҳтар аст. Аммо дар баробари ин, нарх низ баланд аст. Яъне, арзиши кору хизматрасонӣ ва маҳсулот баланд мебошад. Бинобар ин, агар шумо як зиндагии шоиста дар давлати пешрафта дошта бошед, сатҳи даромадро низ ба назар гиред. Ин ҳам аз сатҳи дониш, омӯзиш, таҷрибаи шумо вобаста аст.
Ҳамзамон, дар кишварҳои мутараққӣ, ба мисли Ҷопон талабот ба мутахассисони донишманд зиёд аст. Аз ин ҷиҳат, дар сатҳи муассисаҳои миёнаи таълимӣ низ хонандагон барои ин ҳавасманд мешаванд, то дониши хуб гиранд.
— Таҳсил дар муссисаҳои олии Ҷопон бештар пулакист ё ройгон?
— Дар муассисаҳои олии давлатӣ ва хусусӣ таҳсил пулакӣ аст. Аммо барномаҳое ҳастанд, ки ҳам барои донишҷӯёни ҷопонӣ ва ҳам хориҷӣ идрорпулӣ пешниҳод мекунанд.
— Нархи солонаи таҳсил дар Ҷопон тақрибан чанд аст?
— Ба ҳисоби миёна як донишҷӯ дар як сол 10 000 доллар бояд барои таҳсили худ пардохт кунад. Ғайр аз ин, донишҷӯ барои хароҷоти роҳ, ҷойи хоб, истифодаи алоқаи мобилӣ ва хӯрок маблағ сарф мекунад.
— Критерия ё меъёри гузоштани баҳои донишҷӯ дар муассисаҳои олии Ҷопон чӣ тавр аст? Метавонед аз таҷрибаи худ гӯед?
— Албатта, ҳар як донишгоҳ талаботи худро дорад. Масалан, дар донишгоҳе, ки ман фаъолият мекунам, аз рӯйи як критерия баҳо гузошта намешавад. Шумо наметавонед, ки бо супоридани як имтиҳон иктифо кунеду баҳо гиред. Аз рӯйи чанд меъёр баҳо гузошта мешавад. Масалан, ман барои ҳар дарс ба донишҷӯён вазифа медиҳам. Онҳо имкон доранд, ки бо истифода аз интернет ҷавоби худро тариқи хаттӣ ирсол намоянд. Яъне, донишҷӯён фикри худро оид ба дарси гузашта ба таври ошкоро, бо таҳлили илмӣ баён мекунад. Ин ҳам ҳангоми баҳодиҳӣ хеле муҳим аст. Меъёри дигар фаъол будани донишҷӯён дар раванди дарс, суолу ҷавоб, баҳсҳо атрофи фанни таълимӣ мебошад. Дар охир, мисли имтиҳон як вазифа дода мешавад, ҳар донишҷӯ мавзӯро интихоб ва дар ҳаҷми то 2 саҳифаи комютерӣ хулосабарорӣ мекунад. Он ҳамчун як мақолаи хурди илмӣ мешавад. Муносибати донишҷӯ бо ҳамсабақони худ, бо муаллимон низ баҳогузорӣ мешавад.
— Меъёри асосии кору зиндагӣ дар Ҷопон чист? Чӣ водор менамояд, ки коргар ҳар субҳ ба кор равад, хонанда ба мактаб, донишҷӯ ба таълимгоҳ?
— Ду сабаб дорад.
Якум, мардуми Ҷопон бисёр масъулиятшиносанд. Ҳар чӣ талаб карда мешавад, дар сатҳи беҳтар аз уҳдааш мебароянд.
Дуюм, Ҷопон давлати пешрафта аст. Сатҳи даромади аҳолӣ нисбатан баланд аст. Дар баробари ин, арзиши хизматрасонӣ, маҳсулоти ниёзи аввал гарон аст. Бинобар ин, ҷопониҳо ҳамарӯза аз худ фаъолнокӣ нишон медиҳанд ва барои зиндагии шоиста талош меварзанд. Хориҷиҳо низ ба онҳо пайравӣ мекунанд.
Мусоҳиб: Усмон Раҳимзода
Маълумотнома
Мирзосаид Султонов, доктори илмҳои иқтисодӣ, професссор. Соли 2001 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон)-ро дар риштаи «иқтисоди ҷаҳон» бо тахассуси «иқтисоддони байналмилалӣ ва донандаи забони инглисӣ» хатм кардааст. Солҳои 2001 — 2008 корманди илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Моҳи апрели соли 2008 ҳамчун донишҷӯйи пажӯҳишгар таҳсили худро дар бахши иқтисоди Донишгоҳи Кобе дар Ҷопон идома додааст. Соли 2009 ба давраи докторӣ дар бахши иқтисоди Донишгоҳи Кобе дохил шуда, моҳи феврали соли 2013 унвони доктории худро бо муваффаққият ҳимоя намудааст. Солҳои 2013-2015 устоди Донишгоҳи Кобе ва Донишгоҳи Осака Гакуин буд. Ҳоло дар Донишгоҳи Тойо фаъолият мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ