Мишел Тарран забони тоҷикиро омӯхтан мехоҳад

Мишел Тарран, Сафири навтаъини  Фаронса дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 25-уми феврал дар меҳмонхонаи “Серена” суханрониро бо забони тоҷикӣ оғоз намуд. Ӯ гуфт, ки ҳарчанд забони тоҷикиро намедонад, вале мехоҳад, ки онро омӯзад.

Таъкид гардид, ки имсол аз таъсиси Маркази фарҳангии «Бактрия» 20 сол пур мешавад. Инчунин, моҳи октябри соли равон дар шаҳри Париж бахшида ба таъриху фарҳанги  Тоҷикистон намоиш баргузор мегардад. Мақсад аз баргузории он ҷалби соҳибкорону шахсони бонуфузи ҷаҳонӣ ҷиҳати муаррифии фарҳанги мардуми тоҷик аст.

“Тасмим дорем, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти шумо соҳаи сайёҳиро  дар Тоҷикистон рушд диҳем. Мехоҳем, ки ҳарчӣ бештар шаҳрвандони Фаронса ба Тоҷикистон омада, зебоии табиатро бубинанд. Инчунин, ҳамроҳ бо командаи худ мақсад гузоштем, ки омӯзиши забони фаронсавиро дар Тоҷикистон беҳтар ва зиёд намоем. Барои ин маблағ ҳам ҷудо шудааст”, -гуфт Сафир.

Ба гуфтаи Мишел Тарран, ҳоло Сафорати Фаронса ҷиҳати омӯзиши забони фаронсавӣ бо 4 муассисаи олии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва дар таъмини маводи дарсӣ ба онҳо кӯмак мекунад. Ҳамчунин, Сафорати Фаронса тасмим дорад, ки муаллимони забони фаронсавиро ба Тоҷикистон даъват намояд, то ба омӯзгорони тоҷик кӯмак намоянд.

Ёдрас мешавем, ки Сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран  моҳи октябри соли 2020 ба ин вазифа таъин гардидааст.

Мишел Тарран то ба ин вазифа таъин гардидан ба ҳайси ваколатдори муносибатҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикӣ дар Вазорати умури аврупоӣ ва хориҷӣ (солҳои 2016-2020), мудири Донишкадаи Фаронса ва Алянс Франсез дар Санкт-Петербург (солҳои 1991-1994), масъули масоили фарҳанг, илм ва ҳамкорӣ дар сафорати Фаронса дар Албания (солҳои 1994-1998), муовини роҳбари дафтари фаронсавии робита дар Косово (солҳои 1999-2001) ва мушовири ҳайати СММ дар Косово (солҳои 2001-2003) фаъолият кардааст.

Аз соли 2005 то соли 2009 дар вазифаҳои мушовири сафирати Фаронса дар Латвия, солҳои 2009-2013 — мушвири сафорати Фаронса дар Тунис, солҳои 2013-2016 — мушвири дипломатии раиси шӯрои минтақавии соҳили Прованс-Алп-Лазурӣ қарор дошт.

Мишел Тарран маълумоти олии таърихшиносӣ дошта, дорандаи Ордени миллии “Барои хизматҳои шоиста” мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *