Миср: Эълон шудани вазъияти фавқулодда
Дар пайи ҳамлаҳои маргбори рӯзи якшанбе дар ду калисои қибтӣ дар Миср, ки боиси кушта шудани 44 нафар шуд, раиси ҷумҳури он кишвар барои се моҳ вазъияти фавқулодда эълон кард.
Дар таркишҳои рӯзи якшанбеи 9 апрел дар яке аз калисоҳои масеҳиёни қибтӣ дар шаҳри Танто ва дигаре дар шаҳри Искандария, ҳадди ақал 44 нафар кушта шуданд ва даҳҳо нафари дигар низ захмӣ шуданд. Шоми рӯзи гузашта гурӯҳи «Давлати исломӣ» эълом кард, ки афроди ин гурӯҳ ин ҳамларо анҷом додаанд. Раиси ҷумҳури Миср акнун хостори афзоиши шумораи сарбозон ва нерӯҳои амниятӣ дар атрофи биноҳои давлатӣ ва ҳассос ва низ калисоҳо шудааст.
Дар таркиши шаҳри Тантон дар 100-километрии Қоҳира —пойтахти Миср 25 нафар кушта ва ҳудуди 75 тани дигар захмӣ шуданд. Таркиши дувум дар як калисо дар шаҳри Искандария рух дода ва ба гуфтаи вазорати умури дохилии Миср, он як ҳамлаи интиҳорӣ буда ва шуморе аз афсарони баландпояи пулис кушта шудаанд.
Ҳамлакунандаи интиҳорӣ талош дошт, ки худро ба дарвозаи вурудии калисо бирасонад, аммо пулис монеи ворид шудани ӯ ба дохил шудааст. Калисое, ки дар Искандария ҳадафи ҳамла қарор гирифт, як макони таърихӣ ва ҷои ҳузури попи қибтиҳои Миср аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ