“Миёнаравҳои» -и фитри рӯза муайян шуданд

Дар Тоҷикистон аз сокинон талаб шудааст, ки садақаи фитрро ба раисони маҳалла ё имомони масҷидҳо супоранд. Мақомот гуфтанд, ки кумисюни махсус дар маҳалҳо садақаи фитрро ба дасти афроди камбизоат хоҳад расонд.

Мирзораҳим Қозиев, як сокини вилояти Суғд, рӯзи 7-уми июн гуфтааст,ки раиси маҳалла ва чанд нафари ба хонааш омада ва аз ӯ хостаанд, фитри рӯзаашро бидиҳанд. Дар масҷид ҳам имом-хатиб эълон кардааст, ки Қозиев ва дигар аҳли деҳа, фитри рӯза, як навъ хайрот дар моҳи Рамазонро ба дасти раиси маҳалла ё масҷид супоранд. Ин сокини вилояти Суғд мегӯяд, ба онҳо гуфта шудааст, агар фитри рӯзаашонро ба дигар кас бидиҳанд, бояд масъулони масҷид дар ҷараён бошанд. «Ба ин ягон зарурат надорад. Садақаи фитрро хеле пештар ба яке аз наздиконам, ки тифлони ятим дорад, бурда додам. Худамон медонем, ки дар деҳа кӣ камбизоат аст ва кӣ бой. Ин кори шахсӣ аст ва то ба ин дараҷа дахолат кардан аз рӯи адолат нест», — гуфт Қозиев. Мирзораҳим Қозиев пинҳон намекунад, ки аз шаффофияти кори кумисюн шубҳа дорад. Ӯ гуфт, агар хайроташро ба раиси маҳалла ва ё масҷид бидиҳад, бовар надорад, ки он ба дасти шахсони воқеан ниёзманд мерасад. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ мегӯяд, ин тасмим ба хотири он гирифта шуд, ки раисони маҳаллаҳо аз вазъи хонаводаҳои ниёзманд ба хубӣ огоҳанд. Танҳо ба ин хотир, ба қавли ин масъули Кумитаи дин, аз сокинон даъват шудааст, фитри рӯзаашонро дар ихтиёри раисони маҳалла гузоранд. Азалшо Шарифзода, сархатиби шаҳри Ҳисор, гуфт, дар ихтиёри онҳо рӯйхати шахсони эҳтиёҷманд мавҷуд аст ва маблағи ҷамъшударо барои ин қишр мерасонанд. Ин имомхатиб афзуд, тартиби тақсими фитри рӯзаи мардум чунин аст, ки яке аз аъзои комиссия масъули ҷамъоварии маблағ шуда, мардум садақаро ба ӯ оварда месупоранд. «Мардуме, ки садақаи фитр медиҳанд, ҳатман назорат мекунанд, ки маблағ ба куҷо меравад. Як маҳал аст, ҳама якдигарро мешиносанд, медонанд, ки ҳамин маблағ барои кӣ рафтааст», — гуфтааст имомхатиби шаҳри Ҳисор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *