Миёни Тоҷикистону Туркманистон санадҳои нав имзо шуд

Баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, санадҳои зерин ба имзо расидааст:

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2024-2025,

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон,

Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон ва Ҳокимлики шаҳри Аркадаги Туркманистон дар бораи ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳрӣ,

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сохтмон ва меъмории Туркманистон,

Ёддошти тафоҳум байни Институти геология, сохтмони ба заминларза тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти сейсмология ва физикаи атмосфераи Академияи илмҳои Туркманистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *