Мижгон Фароманиш — Афғонистон

 Биё  

Ин рӯзҳо ҳузуру хабарҳои ту кам аст,

Ҳолам гирифта ғайр ту аз ҳарчӣ одам аст.

Авзоъи ман канори ту зебост ин чунин,

Поизу  ҷодаву борони нам нам аст.

Дорам ба рӯзҳои қашанге, ки мерасад,

Ҳай фикр мекунам, ки ту бошӣ чӣ беғам аст.

Ин ман, ки солҳои зиёде шикастаам,

Ин ман, ки дарди ӯ ба бузургии олам аст.

Буғзам гирифта, аз ҳамаи шаҳр хастаам,

Фардои ман бидуни ту дилгиру мубҳам аст.

Ин рӯзҳо, ки мунтазирам, хуби ман биё,

Дар дасти ман барои ту гулҳои марям аст.

Қуфли сукуту дарди маро бишикану биё,

Ин зиндагӣ бидуни ту пурпечу пурхам аст.

***

 Занҷир  

Ин ҳарф ибтидои ману туст баъд аз ин,

Бунбасти интиҳои ману туст баъд аз ин.

Дар сатр сатри доғтарин рӯзномаҳо,

Ҳар рӯз моҷарои ману туст баъд аз ин.

Мехостам канори ту бошам, вале нашуд,

Танҳо шудан ҷазои ману туст баъд аз ин.

Тақдир буд он чи ки то ҳол рафтааст,

Ин моҷаро ба пойи ману туст баъд аз ин.

Оина дар ҷавоби сукутам сукут кард,

Оина ҳам садои ману туст баъд аз ин.

***

 Асир  

Ҳоли хуше барои дили ман намондааст,

Дунё дарахти зиндагиамро такондааст.

Дунё убури сонияҳои замонаро,

Чун қатраҳои заҳр ба комам чакондааст.

Дигар чигуна бо тани худ зиндагӣ кунам?

Вақте нафс барои кашидан намондааст.

Ман он хутути резу сиёҳам, ки сарнавишт,

Дар лобалои дафтари ғам парварондааст.

Лабханди мурда дар ману ҳатто худо маро,

Аз сарзамини хотираву ишқ рондааст.

مژگان فرامنش- افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *