Мизи гирд: Татбиқи сиёсати амалии фарҳангиро баррасӣ мекунад
20 марти соли 2020 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи фарҳанг мизи мудаввар баргузор мегардад. Хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки дар суҳбати мизи гирд, ки ба баррасии татбиқи сиёсати амалии фарҳангӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти кишвар дар самти фарҳанг нигаронида шудааст, олимону зиёиён, адибону ҳунармандон, кормандони муассисаҳои зертобеи вазорат иштирок менамоянд.
Инчунин дар ин рӯз дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тобеи вазорат ба муносибати таҷлили Рӯзи фарҳанг баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, дастовардҳои аҳли фарҳангу ҳунар, қадрдонии фаъолони соҳа дар назар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ