«Мизи рэп» доир гашт
Пас аз танаффуси зиёда аз яксола барномаи «Мизи рэп» дар ютубканали «Rap portal» нашр шуд.
Шакли барномаи мазкур дигар шудааст. Яъне, ба ҷои он ки танҳо дар бораи вазъияти рэп гуфта шавад, дар он асосан доир ба нақши блогерон дар фазои маҷозӣ, муҳимияти донистани амнияти иттилоотӣ ва то қадри имкон тарғибу ташвиқи пешравиҳо аз ҷониби корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта шуд.
Дар «Мизи рэп» дар баробари рэпсароён, инчунин, блогерони шинохта, аз ҷумла Шаҳбоз Шарипов, Суннат Шарипов, Лерик, Фаридун Сафаров ва раиси ассотсиатсияи блогерон ва вафнерони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
— Бачаҳо, коре кунед, контенте таҳияву нашр кунед, ки пас аз чанд сол худатонро дида, шарм надоред. Фарзандонатон аз корҳои шумо сархам набошанд. Масалан, ман то ҳол аз рэпҳое, ки дашном доштанд, шарм медорам,- гуфт Шаҳбоз Шарипов, ки чанде пеш рэпхониро бас карда, блогер шуд.
Дар умум, агарчи вазъияти имрӯзаи рэпи тоҷик ба таври бояду шояд баррасӣ нашуда бошад ҳам, барномаи мазкур барои корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ фоидаовар буд, зеро чунин суҳбатҳо барои камтар хато кардани блогерон мусоидат мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ