Мизоҷони “Северний ветер”дар фурӯдгоҳҳои Душанбею Хуҷанд дармонданд

Ширкат беш аз ба ду ҳазор нафар чиптаи парвоз ба шаҳрҳои гуногуни Русияро фурӯхтааст.

Садҳо мусофир дар фурудгоҳи Душанбе ва Хуҷанд дармондаанд ва як ҳафта боз имкони парвоз ба Русияро надоранд.

Онҳо барои парвоз ба шаҳрҳои гуногуни Русия аз ширкати ҳавопаймоии «Северный ветер» чипта харидаанд.

Мироҷ Азизов, раҳбари намояндагии “Северный ветер” дар Тоҷикистон гуфтааст , ки сабаби банд мондани мусофирон дар он аст, ки Агентии авиатсияи назди ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати онҳо иҷозаи парвоз надодааст.
Мироҷ Азизов гуфт, ки ба онҳо бо чунин ҳавопаймо ду бор иҷозаи парвоз доданд, вале рӯзи 12-уми май иҷозатномаи онҳоро бекор карданд.
Ӯ гуфт, ки давоми як моҳи ахир ба беш аз ду ҳазор нафар чиптаи парвоз ба шаҳрҳои гуногуни Русияро фурӯхтаанд.

“Дар аввал онҳо худашон гуфтанд, ки ҳавопаймои бузургтар биоред, ки мусофир зиёд аст. Вақте иҷозат доданду мо чиптаҳоро фурӯхтем, иҷозатномаи моро бекор карданд. Агар барои фурудгоҳ мувофиқ намебуд, ду бор моро бо чунин ҳавопаймо қабул намекарданд. Чун мусофир зиёд буд, ба хотири сардаргум нашудан мо ҳавопаймое овардем, ки ғунҷоиши 440 мусофирро дорад.” –гуфтааст ӯ.

Масъули ширкат мегӯяд, як талаби дигари Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумат арзон кардани нархи чипта буд, ки онҳо иҷро карданд.
Ӯ гуфт, “ҳоло арзонтарин чипта ба самти Русияро доранд ва вобаста ба шаҳрҳо аз 3 ҳазор сомонӣ то 8,5 ҳазор сомонӣ чиптаи парвози ширкати онҳо нарх дорад».

Ин ширкат аз шаҳри Хуҷанд ба Қазон, Иркутск, Перм ва аз Душанбе ба Санкт-Петербург, Қазон, Маскав бояд парвоз анҷом диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *