ММТ даври дуюми имтиҳонҳоро эълон кард
Маркази миллии тестӣ эълон кард, ки довталабоне, ки дар даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) — қисми А ё қисми Б иштирок карда натавонистаанду хоҳиши супоридани онро дар даври иловагӣ доранд, метавонанд оид ба ин масъала то 9-уми июл аризаи худро пешниҳод кунанд.
Арзиши хизматрасонӣ барои иштирок дар даври иловагии ИМД чунин муқаррар гардидааст:
— довталабони беимтиёз — 70 сомонӣ;
— довталабони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, ё довталабони маъюби гуруҳҳои 1-ум ва 2-юм ва «кӯдакони маъюб» — 35 сомонӣ.
Барои довталабони ятими кул ва бепарастори то 21-сола ва маъюби гуруҳи 1-ум, 2-юм ё «кӯдаки маъюб», ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, имтиҳонсупорӣ ройгон мебошад.
Даври иловагии имтиҳонҳо рӯзи 12-уми июл дар марказҳои имтиҳонии танҳо шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Маълумоти иловагӣ дар сомонаи ММТ ва pressa.tj.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ