ММТ: имсол эссе намегирем

Тибқи нақша дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки рӯзноманигорони ВАО баргузор гардид.
Ҳисоботи солонаи ММТ нишон медиҳад, ки сафи қабулшавии довталабон сол аз сол афзуда истодааст. Дар бораи шумораи довталабон директори ММТ назди Президенти ҶТ Хуршед Икромӣ зимни суханрониаш чунин гуфт:

-Соли гузашта наздик ба 90 ҳазор довталаб тавассути ММТ назди Президенти ҶТ имтиҳон супориданд. Шумораи довталабоне, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфтанд, 70 ҳазору 822 нафарро ташкил медиҳад. Ин рақам ба 79,3 фоизи довталабони дар имтиҳонҳо иштироккарда баробар аст. Таҳлили омории шумораи довталабони дар озмуни тақсимот комёбгардида аз шумораи довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфта нишон медиҳад, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ аз шумораи умумии духтарони ба тақсимот роҳёфта 86,0 фоизашон ва аз шумораи писарони ба тақсимот роҳёфта 85,5 фоизашон тибқи натиҷаҳои 2 озмуни тақсимот сазовори номи донишҷӯй гардиданд.

Чи тавре, ки аз суханони мавсуф маълум шуд, имсол аз довталабони кластери 3 интихоб намуда эссе гирифта намешавад.

Ширин,

хабарнигори «Тоҷикистон таймс»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *