ММТ нархи имтиҳони дохилшавиро муайян кард
Тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ, арзиши хидматрасонӣ барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунандагони синфи 11), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ (соли 2023 — 300 сомонӣ буд) ва барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунандагони синфи 9) 230 сомонӣ (соли 2023 — 210 сомонӣ буд) муқаррар шудааст.
Дар ҳолати тағйир додани интихоб ихтисос дар давраи асосӣ, барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд 30 сомонӣ пардохт намояд. Дар соли 2023 низ арзиши хидматрасониҳои ММТ нисбат ба соли 2022 аз 30 то 60 сомонӣ боло рафта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ