Моҳи июл Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон вазъи ҳавои кишвар дар моҳи июлро пешгӯӣ кард.

Тибқи пешбинии ҳавошиносон, моҳи июл дар Тоҷикистон тақрибан дар тамоми минтақаҳои кишвар ҳавои гарм дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ як то ду дараҷа болотар хоҳад буд.

Ҳавошиносон мегӯянд, ки дар ҷануби Тоҷикистон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо то +34 дараҷа ва дар доманакуҳҳо то +27 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳои ноҳияҳои ҷанубӣ шабона то 22-27 дараҷа ва рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад. Дар минтақаҳои ҷанубтарини кишвар ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакуҳҳои ҷануб шабона 14-19 ва рӯзона 30-35 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

Дар нимаи дуюми моҳ дар ҷануб баланд шудани ҳаво дар водиҳо шабона то 24-29, рӯзона то 35-40, дар баъзе ҷойхо то 44-46 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар доманакуҳҳо шабона 19-24 ва рӯзона 34-39 дараҷа гарм мешавад.

Интизор меравад, ки боришоти моҳона камтар аз меъёр бошад. Дар нимаи аввали моҳ борони сабук ва раъду барқ дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон баъзе рӯзҳо дар баъзе ҷойҳо вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22 м/с ва тӯфони чангу туман пешгӯӣ карда мешавад.

Ҳаво дар водиҳои вилояти Суғд 27-30 дараҷа ва дар ноҳияҳои куҳии он 15-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар нимаи аввали моҳ дар шимоли кишвар ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 17-22, рӯзона 37-39, дар куҳҳо шабона 7-12 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.

Дар нимаи дуюми моҳ дар водиҳо шабона то 21-26, рӯзона 38-43, дар ноҳияҳои куҳӣ шабона 12-17, рӯзона 30-35 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар баъзе ҷойҳо миқдори боришоти моҳона камтар аз меъёр дар назар аст. Дар нимаи аввали моҳ раъду барқ пешбинӣ шуда, дар баъзе рӯзҳо шамол аз самти ғарб то 18-23 м/с мевазад.

Дар ноҳияҳои куҳистони тобеи кишвар ҳарорати миёнаи ҳармоҳаи ҳаво 18-25 ва дар ғарби ВМКБ 20-24 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар баъзе ҷойҳои ин минтақаҳо ҳарорати ҳаво як дараҷа баланд мешавад.

Дар нимаи дуюми моҳ ҳарорати ҳаво шабона то 15-20 ва рӯзона то 34-39 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар ноҳияҳои куҳии тобеи ҷумҳурӣ 18-27 мм, дар ғарби ВМКБ 4-6 мм, боришот дар назар аст. Боришот бо раъду барқ асосан дар нимаи аввали моҳ рух хоҳад дод. Дар баъзе ҷойҳо шамол то 17-22 м/с афзоиш ёфта, туман мефарояд.

Дар ноҳияҳои шарқии ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво 9-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво шабона аз 0-5 то 5-10 дараҷа гарм, рӯзона аз 12-17 то 17-22 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар нимаи дуюми моҳ ҳарорати ҳаво шабона то +12 ва рӯзона то +25 дараҷа гарм мешавад.

Тахмин карда мешавад, ки боришот кам ба амал меояд ва миқдори моҳонаи онҳо аз меъёр -6-16 мм кам мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *