Моҳи марти соли оянда дар Тоҷикистон интихобот доир мешавад

2-юми марти соли оянда интихоботи вакилони Парлумони Тоҷикистон доир мешавад. Дар ин бора имрӯз, 4 декабр фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  имзо шуд.  

Дар фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон омадааст:

1. Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин карда шавад.

2. Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъин карда шавад.

3. Ба инобат гирифта шавад, ки интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 2 марти соли 2025 гузаронида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *