Моҷаро дар ДШБ-и Ваҳдат. Ҳарбиён чӣ кор карданд?
Ҳамон рӯз байни дембелҳо (кӯҳнасарбозон) ва сарбозоне, ки як сол хидмат кардаанд, ҷанҷол шудааст. Кӯҳнасарбозони навбатдор омада, сарбозони яксоларо таҳқир мекунанд ва камераҳои назоратӣ ин ҳолатро сабт кардааст.
Прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон наздик ба 10 сарбози Вазорати мудофиаро барои вайрон кардани «қоидаҳои оинномавӣ» дастгир кардааст. Сарбозон дар як қисми низомӣ дар шаҳри Ваҳдат хидмат мекарданд ва аз рӯйи иттиҳоми эълоншуда ба онҳо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
Пайвандони баъзе аз сарбозони дастгиршуда гуфтанд, аз амалкарди мақомот норозиянд, чун «ба ҷойи фаҳмондани хато» фарзандони онҳоро ба боздоштгоҳ бурдаанд.
Волидони сарбозон мегӯянд, фарзандонашон 24-уми феврали имсол ва як рӯз баъд аз иди Артиши Миллӣ боздошт шудаанд. Онҳо рӯзи 4-уми март қазияро ба Радиои Озодӣ хабар дода, омода буданд, ки суҳбати видеоӣ кунанд. Вале як рӯз пас гуфтанд, намехоҳанд, шахсияташон ошкор ва номашон зикр шавад, чун метарсанд, ин кор қазияи фарзандонашонро мушкилтар мекунад.
Як нафар аз хешони сарбозон бе зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса рӯзи 24-уми феврал дар қисми ҳарбии маъруф ба “ДШБ” (аз забони русӣ -Десантно Штурмовая Бригада) рух додааст.
Баталйони десантӣ ё ҳавобурди зудамали Вазорати мудофиа дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст.
Пайвандони яке аз сарбозони боздоштшуда гуфт: “Ҳамон рӯз байни дембелҳо (кӯҳнасарбозон) ва сарбозоне, ки як сол хидмат кардаанд, ҷанҷол шудааст. Кӯҳнасарбозони навбатдор омада, сарбозони яксоларо таҳқир мекунанд ва камераҳои назоратӣ ин ҳолатро сабт кардааст. Наворҳоро гирифта, ба бахши амнияти дохилии вазорат мефиристанд, ки омада чораандешӣ кунед. Амнияти дохилӣ ба ҷойи дастур ё ҷазоҳои дохилӣ, баръакс, наворҳоро ба прокуратура пешниҳод кардаанд.”
Тасдиқи дурустии ин иттилоъ аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст. Дар Вазорати мудофиа рух додани чунин ҳодисаро рад накарданд, вале аз шарҳи он худдорӣ намуданд.
Дар ҳамин ҳол як манбаъ дар Додситонии ҳарбии Тоҷикистон, ки аз қазия огоҳ аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, теъдоди сарбозони боздоштшуда қариб 10 нафаранд. Ин дар ҳолест, ки наздикон аз боздошт шудани 12 сарбоз хабар медоданд.
Ба гуфтаи манбаъ, нисбат ба онҳо бар асоси қисми 2-и моддаи 373-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. Ин модда “вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хидматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хидматӣ дар байни онҳо”-ро пешбинӣ мекунад.
Аз рӯи иттиҳом ба сарбозон аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Ин чизест, ки пайвандони сарбозони боздоштшударо нигарон кардааст.
“Ягон кас шикоят надорад, ягон кас ҷароҳат набардоштааст. Ҳеч кас ба доди мо нарасид. Инҳо аз аз 5 сол зиёд зиндонӣ мешаванд, охир одам накуштаанд”, — гуфт пайвандони яке аз сарбозони боздоштшуда.
Манобеи Радиои Озодӣ дар Додситонии ҳарбӣ ва ҳам пайвандони сарбозони дастгиршуда ишора карданд, ки миёни сарбозон “нофаҳмӣ” рӯй додааст. Вале феълан наметавон дақиқ гуфт, ки рӯзи 24-уми феврал дар қисми ҳарбии “ДШБ” чӣ воқеа гузашт.
“озодӣ”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ