Моҷаро да ҳавопаймои Маскав-Душанбе
Ҳавопаймое, ки аз Маскав ба самти Душанбе парвоз дошт, баъди ҷанҷоли мусофирон маҷбур шудааст, аз ними роҳ ба қафо баргардад. Ин ҳавопаймои мутааллиқ ба ширкати «Уралские авиалинии» шоми 28-уми август аз фурудгоҳи «Жуковский»-и ба ҳаво бархоста буд.
Хабаргузории «Интерфакс» гуфтааст, ки дар ин занозанӣ яке аз стюардесаҳо лат хӯрдааст. Хабаргузорӣ менависад, ҷанҷол баъди парвози ҳавопаймо шуруъ шуд ва яке аз мусофирон ҳатто таҳдид кардааст, ки гӯиё бомба дорад.Сарнишинони ҳавопаймо талош кардаанд, ҷанҷолро фурӯ нишонанд, аммо ин кор барояшон муяссар нашудааст. «Дар натиҷа стюрадеса лат хӯрд. Пас аз талоши номуваффақи ҳалли моҷаро тасмим гирифтаанд, ки ба фурудгоҳ баргарданд», — навиштааст хабаргузорӣ.Баъди ба фурудгоҳи «Жуковский» баргаштани ҳавопаймо маъмурони пулис даъват карда шудаанд. Тафсилоти аз ин бештари ҳодиса дастрас нест.Хабаргузории «Интерфакс» гуфтааст, муфаттишон ба таҳқиқи ҳодиса шуруъ кардаанд ва дар ин замина парванда боз шудааст.Дар ҳамин ҳол, Елена Морковская, намояндаи Кумитаи тафтишот дар умури нақлиёт гуфтааст, ки дар ин ҳодиса як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон муттаҳам аст. Ба қавли ӯ, гӯё ин шаҳрванди Тоҷикистон меҳмондор ё «стюардеса»-ро задааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ