Моҷаро дар ҷаноза

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8 феврал дар бораи як ҷинояти барои ин кишвар хеле нодир хабар дод. Як сокини ноҳияи Ванҷро бо иттиҳоми ҷанҷолу кордзанӣ дар маросими дафн дастгир кардаанд.Вазорати дохила мегӯяд, ки марди 41-солаи сокини деҳаи Ускероғи ноҳияи Ванҷ аз ҷониби кормандони милиса бо гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст.Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини деҳаи Ускероғи ноҳияи Ванҷ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, ҳангоми маросими дафни бародараш, марди 63-солаи сокини ноҳияи Ванҷ, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо писарони амакаш, мардони 28 ва 25-сола ва апааш зани 54-сола ҷангу ҷанҷол карда, сипас, бо корд ба бадани онҳо якчанд маротиба задааст.
Дар натиҷа онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *