Моҷарои кӯдаки сарзард
Тайи 12 соли хонадорӣ оилаи ин ҷуфт ҳамеша мавриди назари расонаҳо буд ва ахиран Валя Исоева, ҳамсари Ҳабиб Патахонов бо шикоят аз шавҳараш ба барномаи “Пуст говорят” омада, изҳор доштааст, ки дигар бо ӯ зиндагӣ намекунад.
Валя гуфтааст, Ҳабиб ӯро мезанад ва писарашро ба ӯ нишон намедиҳад. Шавҳараш дар навбати худ Валяро дар хиёнаткорӣ муттаҳам карда, изҳор медорад, ки ҳафтаҳо ба хона намеояд.
Зимни барнома маълум мешавад, ки Валя воқеан тайи 1,5 соли охир дӯстдоштаи дигар доштааст.
Ҳабиб Патахонов мегӯяд, писараш зар аст ва дар падарии худ шубҳа пайдо кардааст. Аммо дар барнома натиҷаи ташхиси генетикиро эълон мекунанд, ки падарии Ҳабиб 99% тасдиқ мешавад
Қиссаи ошиқии Ҳабиб ва Валя 12 соли қабл оғоз гардид. Моҳи майи соли 2005 таваллуд кардани як ноболиғи 11-сола, ки ҷавонтарин модар унвон мешуд, аз мавзӯъҳои доғи расонаҳои Русия буд. Он вақт гуфта шуд, падари фарзанди ин хонандаи мактаб муҳоҷири 17-сола аз Тоҷикистон аст. Ҳабиб аз узбактаборони Тоҷикистон гуфта мешавад. Он вақт воқеа ин гуна шарҳ дода уд, ки ӯ дар манзили бибии Валя Исоева иҷоранишин будааст. Баъди расонаӣ шудани ҳодиса Ҳабиб барои робитаи маҳрамона се сол шартан ҳукм гирифт. Бо қарори додгоҳ Ҳабиб ва Валя ҷудогона зиндагӣ мекарданд, аммо парастории духтарашон Амина бар души ҳардуяшон буд. Ба иттилои манбаъ, баъди ба синни 17 даромадани Валя соли 2010 ин ҷуфти ҷавон никоҳи расмӣ баста буданд ва соҳиби писарча-Амир шуданд.
Достони ишқу ҷудоии Ҳабиб ва Валя дар барномаи “Пуст говорят”, лаҳзаҳои асосӣ:
Барномаи муфассал:
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ