Моҷарои картошка сари ҷавонзани 37 соларо хӯрд

Дар ноҳияи Деваштич моҷарои картошка сари ҷавонзани 37-сола, Раҳбарҷон Сангиноваро хӯрд.  Ҳодисаи марги ҷавонзан соли сипарӣ амалӣ шуда буд, ки онро  аъзои хонаводаи шавҳар худкушӣ арз дошта буданд. Вале беш аз як сол аст, ки сари ин масъала тафтишот ва таҳлилҳо идома дорад:

-Аввали моҷаро сар задан духтари нокомам ба ман занг зада бо оҳанги ларзон гуфт, ки “тез биёед, ки маро зада истодаанд”. Ягон бор ин хел бо ҳисси тарсу ваҳф телефон намекард. Фавран  хонаи ҳаққу ҳамсояҳо даромадам, ки ягон нақлиёт ёфта аз деҳаи худамон (Далёни поён) ба деҳаи Сурхоб равам. Аммо акс омадагӣ барин беш  аз як соат мошин кофтам. Писарам ҳам дар хона набуд, аввал ӯро пайдо карда, баъд нақлиётро. Ба роҳ баромадем, ки мошин дар деҳаи  Ойборик  вайрон шуд. Ҳамин вақт аз хонаи духтарам занг зада гуфтанд, ки “биёед духатартон худашро овехта кушт”. Ҳамон ҷо “Вой духтаракамро куштанд” гуфтаму аз ҳуш рафтам-нақл мекунад модари марҳум  Улмон Санинова.

Сабабҳои дигари марги Сангинова, ба ахлоти гов олуд будани  бадани марҳум, даҳони гӯрро кушода қабрро оброҳа кардану мурдаро пӯсонидан ва дигар ҷузъиёти ин ҳодиса дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

                                                                                                                                           Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *