Моҷарои парвозҳо ҳоло ҳам ҳал нашудааст

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия бар сари мушкили парвози ҳавопаймоҳои ду кишвар рӯзи 10 апрел низ дар Маскав идома хоҳад кард. Қаблан эълон шуда буд, ки натиҷаи музокирот рӯзи шанбе маълум мешавад. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, «натиҷаи музокирот пас аз анҷоми нишаст эълон мешавад. Ҳоло ҷонибҳо масъалаҳоро миёни ҳам баррасӣ доранд. Қарор аст, гуфтугӯ рӯзи душанбе ба поён бирасад.»

Тоҷикистону Русия беш аз се моҳ боз бар сари иҷозаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский” ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд баҳс доранд. То кунун чанд даври музокирот дар Душанбеву Маскав баргузор шуда, зоҳиран ҷонибҳо натавонистаанд дар ин маврид ба натиҷаи мусбат бирасанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *