Банда чанд сол пеш дар ҷавоб ба як навиштаи журналисти ҲНИТ (ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ) бо номи “Монополияи риш” мақолае навишта будам ва дар он ҷо ӯро, барои он ки ришро танҳо моликияти диндорон гумон карда  аз гуфтаҳо нисбати  як қассоби ришдор хафа шуда буд,  мавриди таҳлил қарор дода будам.

Ҳоло, ки амали роҳбарияти Китобхонаи миллиро дар мавриди манъи вуруди ришдорон ба ин даргоҳи илм мешунавам, ба хулосае меоям,  ки на танҳо он наҳзатӣ, балки бисёр зиёиёни мо низ  то имрӯз муътақиданд, ки риш моли дин аст. Аммо дар дини мубини ислом риш мондан суннат аст ва агар онро мондӣ, савоб мегирӣ ва  агар не, гунаҳгор намешавӣ. Магар пеш аз  ислом риш набуд? Ман ҳаводори риш ҳам нестаму то ҳол новобаста ба синну  соли худ боре ҳам риш намондаам. Аммо ҳайронам, ки чаро дар чунин як боргоҳи маърифат ба риш аз зовияи дину диёнат баҳо медиҳанд? Агар чунин мебуд, акси Карл Маркси атеист, вале ришдорро  дар даст Қуръон тасвир мекарданд. Ё Фидел Кастрою Че Гевараи инқилобчиро дар гардан Ҳилоли Аҳмар медидем. Пас, чаро дастандаркорон аз симои ҷавоне, ки дар умраш як сура аз Қуръон аз бар накардааст, аммо бо пайравӣ аз овозхонҳои аврупоию рус риши тунуке дорад, метарсанд ва роҳи ӯро боз намекунанд, ки аз Саъдию Ҷомии ришдор андаке баҳраманд шаваду теоремаи Пифагори  ҷингиларишро аз худ намояд? Он вақт шояд ин ҷавон ба   ким- кадом ришдори ҳамҷинсгарои аврупоӣ тақлид накунад. Агар дар Китобхонаи Миллӣ аз рӯйи мантиқи ҳозира амал кунанд, ба зудӣ дар китобхона ба ҷуз осори чанд тоссару кӯса  дигар ягон навиштаи ришдоронро пайдо карда наметавонед. Зеро ҳамаи ришдорони гузаштаю имрӯаз “персона нон грат “ эълон мешаванд ва тарки китобхона мекунанд.  Пас, қонуни озодафтии ҷисмҳои Нютон ва назарияи атомии Эйнштейнро дигар аз масҷидҳо меҷӯем, зеро кашфгарони  онҳо  дигар  ҷои рафт надоранду аммо риш доранд. Раҳматии қиблагоҳам мегуфтанд, ки “агар маслиҳатгар наёбӣ, тоқии худро аз сар гиру  бо ҳамон маслиҳат кун” Ман мефаҳмам, ки ҳоло на ҳама тоқипӯшанд. Вале гоҳ — гоҳ бо кепка ё шляпа ҳам маслиҳат кардан зарар надорад…

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *