Моҷарои тайёра Жуковский “гурбаи сиёҳ”-и байни ширкатҳои ҳавоӣ?
“Аз ҳаштуми ноябр дигар тайёраҳои Русия ба Тоҷикистон парвоз намекунанд”- чунин буд муҳтавои хабарҳои чанд расонаи русӣ дар охири моҳи гузашта.
Онҳое, ки бо ҳар роҳ ба парвозҳо ба ин кишвар алоқамандие доштанд (бештар аз ҳама муҳоҷирони корӣ ва наздикони онҳо), инчунин коршиносони масоили иқтисодӣ аз ин хабари ногаҳонӣ ба ҳайрат афтоданд. Зеро дар тамоми давраи истиқлолияти кишвар бори аввал аст, ки ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ аз парвоз ба Тоҷикистон даст кашидан мехостанд. Баръакс, онҳо то метавонистанд хатсайрҳои навро барои худ боз менамуданд. Пас, кӣ ё чӣ монеи парвози онҳо гаштан мехост? “Гурбаи сиёҳ” сари парвози минбаъдаи ширкатҳои русӣ фурудгоҳи Жуковский шуд, ки аз аввали баҳори имсол дар наздикии шаҳри Маскав ба фаъолият оғоз намуд. Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати ҳавопаймои мусофирбари Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки мушкили аслӣ бар сари парвозҳо аз фурудгоҳи нави Жуковскии Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистон аст, ки дар он манфиатҳои ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон дар заминаи парвозҳо аз ин фурудгоҳ ё бақавле “паритет ё баробарӣ” риоят нашудааст. Аз ин рӯ, онҳо наметавонанд парвозҳо аз ин фурудгоҳро қабул кунанд. Бояд байни ду кишвар дар ин маврид гуфтушуниди иловагӣ сурат гирад. Ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” бояд тайёраҳои Тоҷикистонро низ дар ин фурудгоҳ ба қайд гирифта, парвозҳо ба таври баробар сурат гиранд, ки айни замон ин баробарӣ вайрон шудааст. Аммо дар ин байн Вазорати нақлиёти Русия бо як изҳороте баромад карда гуфт: “Боз гардидани фурудгоҳи Жуковский мувозинати парвозҳо аз Маскавро барҳам намедиҳад, зеро ин фурудгоҳ аз минтақаи Раменский аст, на аз Маскав”. Ҳамин тавр, “моҷарои тайёраҳо” мавзӯи нави расонаҳои русию тоҷикӣ гардид. Аммо моҷаро дар атрофи парвози тайёраҳо ягона мушкилоти имрӯзаи муносибати байни ду кишвар нест. Як коршинос, ки нахост номаш зикр гардад, мегӯяд, ки муайян нагардидани мавқеи Тоҷикистон барои ворид гардидан ба созишномаи АвруОсиё ва иҷро нашудани ваъдаи Русия дар мавриди таҷҳизонидани Артиши Тоҷикистон бо силоҳи наву замонавӣ мушкилоти дигарест, ки ин муносибатҳоро то андозае лакнатдор мекунад. Аммо баргардем ба сари тайёраҳо. Як ҳайати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек, бо ҳамтоёни руси худ натавонистанд дар заминаи ихтилофи назарҳо дар масоили алоқаи ҳавоӣ ба мувофиқа бирасанд. Ин нишаст дар ҳошияи ҳамоиши сарвазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Бишкек баргузор шуда буд. Он замон Валерий Окулов, роҳбари ҳайати Русия гуфта буд,ки имкон дорад то замони қатъи парвозҳо (8 ноябр) ҷонибҳо тавассути гуфтушунид роҳҳои ҳалли ин мушкилро пайдо кунанд. Воқеан ҳам як ҳайати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои ҳалли ин масъала ба Маскав парвоз кард ва то ба охир расидани истироҳат дар ин кишвар (имсол ҳафтаи гузашта, мисли Тоҷикистон дар Русия низ се рӯз истироҳат буд) интизор истоданд ва танҳо рӯзи 8 гуфтушунид барои ҳалли мушкилоти парвози тайёраҳо оғоз гардид. Қаблан Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода гуфта буд, ки дар ин баҳсҳо ҷониби Тоҷикистон манфиати бозори ҳавопаймоии худро ҳимоя мекунад. Дар як мусоҳибаи худ ба ТАСС директори ширкати консалтингии “Инфомост” Борис Рибак гуфтааст, ки ҳамеша байни он кишварҳое, ки хатсайрҳои ҳавоӣ дар асоси мувофиқаи дуҷониба амал мекунанд, ҳарду ҷониб кӯшиш мекунанд, “қӯрро ба болои кулчаи худ кашанд” ва ё бо ибораи дигар, “кӯрпаро ба болои худ гиранд”.
“Чанд парвозе, ки шумо мекунед, мо ҳам ҳамон қадар парвоз хоҳем кард”, — чунин аст қоидаи чунин шартномаҳо. Дар мо бошад, ширкатҳои зиёде мехоҳанд ба Тоҷикистон парвоз кунанд ва албатта онҳо саҳми “Тоҷик-эйрро мегиранд” гуфтааст Рибак. Вақте ки чунин ҳолат вуҷуд дорад, пайдо шудани боз як майдони ҳавоӣ, ки аз он ҷо низ тайёраҳо парвоз мекунанд ва гузашта аз ин, ин тайёраҳо тавозунро барҳам мезананд, албатта, барои ширкатҳои Тоҷикистон зараровар аст, зеро онҳо як қисми мусофиронро аз онҳо мегиранд. Дар ин гуфтушунидҳо, ки сабаби қатъ нагардидани парвозҳо миёни ду кишвар гардиданд, то кадом андоза ин манфиатҳо ҳимоя гардиданд?
Мутаассифона, то замоне, ки ҳафтанома нашр мегардид, мо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон маълумоти дақиқе, ки бозгӯйи натиҷаи вохӯрии байни намояндагони Вазорати нақлиёти кишвар ва ҷониби Русия бошанд, дарёфт карда натавонистем. Аз маркази матбуотии ширкати “Тоҷик -Эйр” то бегоҳ кӯшиш карданд, ки ба мо дар ин бора маълумоти мушаххас диҳанд, аммо ба гуфти сухангӯи ин ниҳод ҳарчанд дар нишасти Маскав директори тиҷоратии “Тоҷик- Эйр” ҳам иштирок намудааст, аммо ӯ то ҳол дар ҷои кор нест ва ӯ наметавонад дар ин бора маълумоти муфассал диҳад. Масъули ин ниҳод тавсия дод, ки боз ҳам ба Вазорати нақлиёт, ба Юсуф Раҳмон муроҷиат намоем. Аммо зангзании чандкарата ба Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон (телофони 251 02 78) натиҷа надод ва гӯшии онро касе набардошт. Бо вуҷуди ин, маълумот аз манбаъҳои ғайрирасмӣ гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки дар ин гуфтушунид мувофиқа ҳосил шудааст, ки аз фурудгоҳи Жуковский дар баробари тайёраҳои ширкати русии “ЮТЭЙР” ширкатҳои тоҷикистонӣ низ парвоз хоҳанд кард. То кадом андоза ин ҳақиқат аст, ҳанӯз ба таври расмӣ касе тасдиқ накардааст. Аммо он чиз, ки парвози тайёраҳои русӣ дар фазои Тоҷикистон рӯзи 8 ноябр манъ нагардиданд, гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки хоҳ ба манфиати Тоҷикистон бошад ва хоҳ ба зарари он, ин гуфтушунидҳо натиҷа додаанд.
Абдумудассир АҲМАДЗОДА,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ