Моҷарои тайёраи Патрушев ва 389 кило кокаин

Вазири амнияти Аргентина Патрисия Буллрич гуфт, 389 кило кокаинро бо ҳавопаймои роҳбари як идораи амниятии Русия ба Маскав бурдаанд. Матбуот мегӯяд, ин ҳавопаймои Николай Патрушев — котиби Шӯрои амнияти Русия ва яке аз ёрони наздики президент Владимир Путин буд. Ин ниҳод барои қочоқи кокаин истифода шудани ҳавопаймои Патрушевро рад мекунад.

Моҷаро кашфи 389 кило маводи мухаддири навъи кокаин дар сафорати Русия дар Аргентина ва интиқоли он тавассути почтаи дипломатӣ ба Маскав торафт авҷу алангаи бештар мегирад.

Патрисия Буллрич, вазири амнияти Аргентина гуфт, ин миқдори бузурги маводи мухаддирро дар 12 ҷомадони дипломатӣ бо ҳавопаймои марбут ба роҳбари як идораи амниятии Русия аз Буэнос -Айрес ба Маскав интиқол додаанд. Матбуоти Ғарб, аз ҷумла нашрияи бритониёии «Telegraph” навишт, ки ин ҳавопаймо ба Николай Патрушев, котиби Шӯрои амнияти Русия ва яке аз ёрони наздики президент Владимир Путин тааллуқ дорад. Бино ба гузориши «Telegraph”, Патрушев моҳи декабр барои ширкат дар маросими адои савганди президенти Аргентина Маурисио Макри ба Буэнос-Айрес омада буд, вале зоҳиран бо истифода аз ин сафар бо як тир ду фохтак задаанд.

Шӯрои амнияти Русия рӯзи 25 феврал хабарҳо дар бораи барои қочоқи маводи мухаддир истифода шудани ҳавопаймои Патрушевро рад кард. Манбаи Интерфакс дар ин ниҳод гуфт, тавассути ҳавопаймои Шӯрои амният почтаи дипломатиро намекашонанд.

Николай Патрушев яке аз аъзои муҳими командаи Путин ба шумор меравад. То Шӯрои амният Патрушев роҳбарии ФСБ – Хадамоти федералии амнияти Русияро бар дӯш дошт.

Дар ин ҳафта мақомоти амниятии Аргентина хабар доданд, ки дар дохили мактаби сафорати Русия дар Буэнос-Айрес дар даруни 12 ҷомадони почтаи дипломатӣ 389 кило кокаин ёфтаанд. Дар бораи ин бори машкук ба мақомоти Аргентина сафири Русия Владимир Коронелли ҳанӯз дар соли 2016 хабар дода, ҳамчунин калиди мактабро ба он мақомот додааст, то маводи мухаддирро дар ҷомадонҳо бо орд иваз карда, дар даруни ҷомадонҳо таҷҳизоти GPS гузоранд. Баъди мақомоти Аргентина чанд моҳ ба таъқиби ин канали бузурги қочоқи кокаин аз Амрикои ҷанубӣ ба Аврупо идома додаанд.

 

Дар натиҷаи амалиёти вижае, ки баъди моҳи декабри соли 2017 ба Маскав расидани 12 ҷомадони почтаи дипломатӣ сурат гирифт, 6 нафар дастгир шуданд. Нашрияи Clarin исми 5 нафари онҳоро нашр кард: Алӣ Абянов, корманди собиқи сафорати Русия дар Аргентина, ду шарики ӯ дар Маскав Иштимир Хуздамов ва Владимир Калмиков, ҳамчунин роҳбарони Сандуқи MORAL(Mecenas Ortodoxos Rusos En America Latin, Русские православные меценаты в Латинской Америке), як созмони хайрияи мазҳабии Русия дар Аргентина.

Мақомоти Русия ҳоло дар робита ба ин парвандаи пурсарусадои қочоқи кокаин мардеро бо номи «Ҷаноби К” таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Гуфта мешавад, ки «Ҷаноби К” тоҷир буда, солҳои ахир дар Олмон зиндагӣ мекунад. Нашрияи аргентинии «” чанд акси «Ҷаноби К”-ро нашр кардааст.

Арзиши кокаини ёфтшуда дар сафорати Русия дар бозори сиёҳ 50 миллион евро баровард мешавад.

Ин бори аввал аст, ки чунин миқдори бузурги маводи мухаддир дар почтаи дипломатии Русия ёфт мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *