Мо аз шумо замин харидаем ку
(Аз нақли корафтодае)
Аз ширкати сохтмоние дар бинои навбунёд хона харидам. Тибқи шартнома бояд баъд аз ду сол хонаро мегирифтам, аммо дар байн чандин сол гузашт, хона ҳеҷ тайёр нашуд, ки нашуд. Рӯзе ба қабули раиси сохтмон даромада, аз дер тайёр шудани хона шикоят карда, гуфтам:
— Муҳтарам раис! Аз ваъдаи шумо 11 сол гузашт, аз пули иҷорадиҳӣ хаста шудем. Лутфан дақиқ бигӯед, ки хонаи мо кай тайёр мешавад ва мо кай метавонем ба хонаҳоямон даромада, зиндагӣ кунем?
Раис ба лоиҳаи бино, ки дар рӯйи мизаш гузошта шуда буд, назар карда пурсид:
— Шумо дар чандум ошёна хона гирифтед?
Гуфтам:
— Ошёнаи 13.
— Хонаи шумо тайёр аст,- гуфт бо ҷиддият.- Марҳамат, даромада зиндагӣ кардан гиред.
— Чӣ хел тайёр? Дар онҷо ҷуз майдони холӣ чизе нест,- гуфтам бо ҳайрат.
Лоиҳаро нишон дода, гуфт:
— Шумо равед, аз рӯйи ана ҳамин лоиҳа хонаи худро ҷудо кунед, атрофашро маҳкам кунед. Баъди шумо ҳамсояатон сар мекунад ва ҳамин тавр хонаҳо пурра буд мешаванд.
— Эҳе, мо аз шумо замин харидаем ку, на хона,- гуфтам ноумедона.
Холиқназар Ҷумъазода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ