«Мо бояд ба ин ҷанги даҳшатбор хотима диҳем»
Президентҳои чаҳор кишвари НАТО ба Украина омаданд.
Президентҳои Полша, Эстония, Латвия ва Литва дар Киев бо Владимир Зеленский мулоқот карданд.
Президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер мебоист ба онҳо ҳамроҳ мешуд, аммо омадани ӯ номатлуб буд. Пеш аз ин сарони 4 кишвари НАТО аз Бородянка дидан карда буданд, ки ба гуфтаи мақомоти Украина, вазъ метавонад аз Буча ҳам бадтар бошад.
Гитанас Науседа, раисиҷумҳури Литва дар шарҳи он чӣ дидааст, гуфт, ки «ҷиноятҳои ҷангии бераҳмонаи артиши Русия беҷазо нахоҳад монд». Дар таърих чунин муқоисаро пайдо кардан душвор аст, вақте ки дар он ҷо тамоми оилаҳоро кушта ва ба хок месупоранд, ҳангоми таҷовуз ба номуси тифлон, вақте ки чунин ваҳшӣ бо чунин нафрат нишон дода мешавад. Инҳо корҳое ҳастанд, ки аз ҷониби баъзе мавҷудоти дигари табиат содир карда мешаванд, аммо, на аз тарафи одамон, ин як хатои табиат аст, бинобар ин, мо бояд ба ин ҷанги даҳшатовар хотима диҳем».
Гитанас Науседа, президенти Литва дар гузорише, ки бо супориши САҲА рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, дар бораи «намунаҳои возеҳи нақзи неруҳои Русия дар амалиёти ҷангӣ» сухан мегӯяд.
Ҳамзамон, дар ин санад пешбинӣ шудааст, ки қонуншиканиҳо аз ҷониби Украина низ ҷой доштаанд, аммо ба хулосае омадаанд, ки ҷиноятҳои содиркардаи Русия “аз ҷиҳати миқёс ва табиат хеле васеътаранд”. Ба иттилои хабаргузории АП, гузоришро коршиносоне, ки ҷониби Украина интихоб кардаанд, таҳия намудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ