Мо бояд ба мардум президенти мурдаро нишон диҳем, то бовар кунанд?
Духтур Тоидзе: Саакашвилӣ ба маъюбӣ наздик аст, ба табобат дар хориҷ ниёз дорад.
Отар Тоидзе, узви шӯрои назди Омбудсмени Гурҷистон гуфт, вазъи асабӣ ва ҷисмонии раисиҷумҳури пешини зиндонии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ба ҳадде вазнин аст, ки ба маъюбӣ ё марг наздик аст ва ба табобат дар хориҷ ниёз дорад.
“Вақт кам аст, аҳволаш ба дараҷае вазнин аст, ки ӯ бояд фавран дар ягон клиникаи хориҷӣ табобат гирад… Гуфтем, ки ин раванд оҳиста-оҳиста беморро то ҳол ба маъюбӣ ва баъдан, эҳтимол ба марг мерасонад. Намедонам, бар асоси равандҳои асабӣ, ки ҳоло ӯ аз сар мегузаронад, ҳолати ӯро баргардонидан мумкин аст ё не… Оё воқеан мо бояд президенти мурдаро нишон диҳем, то мардум ба ҳолати ӯ бовар кунанд?»,- гуфт ба журналистон духтур баъд аз аёдати сиёсатмадор пас аз таваққуфи тӯлонӣ.
Қаблан Хадамоти иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Гурҷистон маълумоти паҳнкардаи мухолифин дар бораи башиддат бад шудани вазъи саломатии Саакашвилиро рад кард. Ба гуфтаи хадамот, сиёсатмадор шабонарӯзӣ таҳти назорати шадиди пизишкон қарор дошта, бо тамоми хадамоти тиббӣ таъмин аст.
Ҳафтаи гузашта Саакашвилӣ дар ҷараёни мурофиаи додгоҳии парвандааш гуфт, ки худро нотавон ҳис мекунад, ғизо хӯрда наметавонад ва дар чанд рӯзи охир 12 кило вазн кардааст. Пас аз панҷ дақиқаи оғози ҷаласаи додгоҳ Саакашвилӣ суханашро қатъ карда, аз табиб кумак хост.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ